Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторинаи ҳуқуқӣ дар Академияи ВКД

241

Ба муносибати «Рӯзи ҷавонон» дар толори маҷлисгоҳи факултети № 4 Академияи ВКД, 17-уми майи соли ҷорӣ викторинаи ҳуқуқӣ таҳти унвони «Ҳуқуқшиносони умедбахш» ташкил ва гузаронида шуд. Дар он устодон ва курсантони факултети № 4 Академия иштирок намуданд.

239241
Викторинаи ҳуқуқиро сардори факултети №4-и Академияи мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулот Асадулло ҳусни оғоз бахшида, тамоми иштироккунандагон, аз ҷумла устодон ва курсантонро ба муносибати «Рӯзи ҷавонон» табрик намуда, қайд кард, ки саҳми босазои ҷавонони мубориз баҳри гулгулшукуфоии кишвари биҳиштосоямон басо пурарзиш буда, ҷаҳду талоши ин насли ояндасози миллат баҳри Ватану хоки аҷдодӣ бемисл аст. Зеро ҷавонон бо нерӯи тавоно ва илмомӯзии амиқ собит сохтанд, ки онҳо дар ҳақиқат номбардори кишвари худ буданд ва хоҳанд монд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...