Викторинаи умумиакадемиявӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Рӯзи 26 октябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи хурди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Факултети №6 викторинаи “Курсанти беҳтарин дар самти оперативӣ” дар байни курсантони курси 5-ум доир гардид.
Чорабинии мазкурро бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Саидзода З.Ф. оғоз намуда, афзуд, ки заминагузори илм ва самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроро чун сарвар ва олими пешбарандаи самти илмии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ берун аз қаламрави ҷумҳурӣ эътироф намуда, мешиносанд ва он кас пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД ҶТ дорои дониши мукаммал бошанд ва аз таърихи пурғановати тоҷик ифтихор намоянд.
Дар бунёди зиндагии шоиставу озода, эъмори ҷомеаи пешрафта ва орӣ аз хурофоту таассубот, аз пайкору осори бузургони хеш фаровон истифода намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳама баромад ва вохӯриҳояшон бо роҳбарони мақомотҳои амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ва оммавиро оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъкид менамоянд. Ҳамин аст, ки дар моҳи сипаригардида бо роҳбарӣ ва ибтикороти Вазири корҳои дохилӣ генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар байни мақомотҳои амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ озмуни «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Таърих, масъалаҳо ва рушди қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва имрӯз викторинаи академиявӣ дар мавзӯи “Курсанти беҳтарин дар самти оперативӣ” ба роҳ монда шудааст.
Баргузории викторинаи академиявӣ дар мавзӯи “Курсанти беҳтарин дар самти оперативӣ” низ дар баланд бардоштани дониш ва маърифати курсантони Академияи ВКД мусоидат намуда, нақши он дар ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии тоҷик судманд аст. Викторина бо риояи реҷаи махфият гузаронда шуда, раиси ҳакамони викторина полковники мустаъфӣ Шарипов Т. ба тарзи гузаронидани он баҳои баланд дод.
Дар хотима, барои иштироки фаъолона дар викторинаи академиявӣ дар мавзӯи “Курсанти беҳтарин дар самти оперативӣ”, ишғол намудани ҷойҳои аввал ва нишон додани савияи баланди донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ, хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ курсантони курси 5-ум ҳавасманд гардонида шуданд.
Асламов Б.С., Қосимов Ф.М., Убайдуллоев Ш.Э., омӯзгорони Академияи ВКД.