Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторина таҳти унвони «Низоми ҳуқуқии мақомоти корҳои дохилӣ»

404

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқоти факултети №4, кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, ҳамчунин дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри амалӣ намудани он, санаи 9-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси «Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ» дар толори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Викторина таҳти унвони «Низоми ҳуқуқии мақомоти корҳои дохилӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар он, сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолдияти маъмурӣ, полковники милитсия Муллобоев М.Р. ва ҳайати профессорону омӯзгорон иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳӣ ба сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, полковники милитсия Муллобоев М.Р. дода шуд. Ӯ, доир ба мавзӯӣ «Низоми ҳуқуқии мақомоти корҳои дохилӣ» дар назди иштирокчиён баромад карда, мӯҳтавои онро шарҳ дод.

405

Сипас, сухани навбатӣ ба курсантон, Давлатзода М. – курсанти курси 4-ум дар мавзӯъӣ «Функсияҳои асосии қисми навбатдорӣ» ва Ҳалимбоев Б. - курсанти курси 4-ум дар мавзӯъӣ «Мушаххасгардонии вазифаҳо дар системаи МКД» баромад намуданд.
Сипас, миёни курсантон ду гуруҳ ташкил карда шуд, ки яке бо номи «Ҳомии тартибот» ва дигаре бо номи «Адолат» ва байни онҳо саволу ҷавобҳо баргузор гардида, ба онҳо аз ҷониби доварон баҳогузорӣ карда шуд, ки дар охир гурӯҳи «Адолат» ғолибиятро ба даст овард. Шахсони баромадкунанда ба саволҳои курсантон ҷавоб дода амалияро бо назария алоқаманд намуданд.
Ҳамин тариқ, сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, полковники милитсия Муллобоев М.Р., викторинаро пӯшида гуфта, эълон намуд.
Абдуллозода Д., муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, лейтенанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...