Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории викторинаи забони русӣ

41

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 чунин иброз намуданд: «Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ, эътибори ҷиддӣ диҳем. Мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на бо мақсади дигар».

38

Вобаста ба ин ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ аз 4 апрели соли 2003 таҳти №1047, санаи 10-уми майи соли ҷорӣ дар Академияи ВКД викторина аз фанни забони русӣ барои курсантони курсҳои 1 факултетҳои № 2, 5 ва 6 баргузор гардид.
Мақсади баргузории викторинаи мазкур ин таҳким бахшидани дониши курсантон дар забондонӣ, инчунин, малакаи дар амал татбиқ намудани донишҳои омӯхташуда буд.
Викторина аз чор давра ибрат буд:
Давраи якум: шиносоӣ бо даста, номи даста, барои чӣ даста чунин номгузорӣ карда шудааст.
Давраи дуюм – «Шоири дӯстоштаи ман».
Давраи сеюм – «Муколама бо забони русӣ».
Давраи чорум – «Сохтани калимаҳои нав»

3940

Баъди ҷамъбасти холҳо аз ҷониби раиси ҳакамон ғолиби викторина эълон гардид, ки ғолиби он дастаи гурӯҳи 110 факултети № 2 ба номи «Дружба» шуд.
Викторина бо унсурҳои маҳфили хушдилон гузашт, то дар як вақт ҳам ҷиддӣ ва ҳам шавқовар шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...