ВИКТОРИНАИ ҲАРБӢ - ВАТАНДУСТӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ № 4
Масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ моҳият ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим дароварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад. Он имконият медиҳад, ки ҷавонони Тоҷикистон, новобаста аз маҳаллу миллат ва нажод, роҳҳои гуногуни тарбияро барои инсони комил будан, интихоб ва амалӣ намоянд.
Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрузу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштааст.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи донишгоҳҳо мебошад, ки дар ҷодаи омода намудани кадрҳои баландихтисос барои Вазорати корҳои дохилӣ, фаъолият менамояд. Аз тарафи роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кушиш ба харҷ дода мешавад, ки курсантонро дар руҳияи поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба ватан, ҳақиқатҷӯӣ ва адолатпарастӣ тарбия намояд. Омӯзгорони факултети № 4 аз рӯзҳои аввали таҳсили курсантон дар ин макотиби олӣ, масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ва дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Маҳз масъулияти баланд, ташаббус ва назорати роҳбарияти факултет ва ҳамзамон оштинопазирии омӯзгорон ва кормандони факултет ба таълиму тарбияи курсантон таъсири мусбӣ расонида, ҳама гуна омилҳои манфӣ пешгирӣ карда мешаванд.
Бинобар ин кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҷамъияти илмии курсантон (ҶИК) тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ, фасли 4 банди 1 дар моҳи феврали соли 2020, викторина доир ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ба нақша гирифта, баҳри иҷрои нақшаи мазкур, санаи 26.02.2020 соати 15.00, бо иштироки кормандон ва курсантони факултети № 4, байни курсантони курси 2-юми гурӯҳи ҳуқуқшиносӣ ва гурӯҳи ҳайати фармондехӣ, викторинаи мазкур ташкил ва гузаронида шуд, ки ҳайати курсантон ва кормандони факултет иштирок намуданд.
Дар викторина бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академия, ӯ низ сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. баромад намуд. Сардори факултет аз ҷумла қайд намуд, ки ҳарчӣ бештар байни курсантон чунин озмун ва викторинаҳо гузаронида шавад, ки курсантон иштирок намуда маҳорат ва малакаи худро сайқал диҳанд.
Тибқи талаботи озмун дастаҳо ба худ номгузорӣ намуда мазмун ва сабаби чунин ном гузоштанашонро муаррифӣ менамоянд. Курсантони курси 1-уми гурӯҳи ҳайати фармондеҳӣ ба худ номи «Зафар» ва курсантони курси 2-юми гурӯҳи ҳайати фармондеҳӣ ба худ номи «Далерон» номгузорӣ намудаанд.
Мавриди қайд аст, ки ҳамаи саволҳои дар викторина пешниҳодгардида дар доираи фанҳои меомӯхтаи курсантон буда, бештар ба самти корҳои тарбиявӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ равона карда шудаанд.
Раванди викторина аз тарафи ҳакамон холгузорӣ карда мешуданд, ки озмун бо чунин натиҷа ҷамъбаст карда шуд. Ҷои аввалро, бо соҳиб гардидан ба миқдори 46 хол насиби дастаи «Далерон» гардид. Ҳамчунин курсантони курси 2-юм, милитсияҳои қаторӣ Зокиров Ҷ., Бобомуродов Д.,Қаландарзода Р., Бойматов Б., Маҳмадшоев Ҷ. ва Рустамзода М. зимни саволу ҷавоб ва иҷрои шартҳои озмун ниҳоят фаъол буданд. Викторина бисёр пурмазмун шавқовар ва хотирмон ташкил ва гузаронида шуд, ки ба кормандон ва курсантон бисёр писанд омад.
Муаллими калони кафедраи
омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ,
капитани милитсия Сайфиддинзода С.А.