Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторина таҳти унвони «Наврӯз - иди миллии тоҷикон»

74

Рӯзи 17-уми марти соли 2020 дар асоси Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Викторина аз тарафи кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷамъияти илмии курсантон маҳфили «Ориён» таҳти унвони «Наврӯз - иди миллии тоҷикон» баргузор гардид.
Викторинаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултети №4 оид ба таълиму илм, подполковники милитсия Ғафуров М.С. ҳусни оғоз бахшида, доир ба таҷлили Навруз — яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон маълумот дод.
Дар рафти викторина устоди кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Самадзода И. А. лейтенанти калони милитсия- дар мавӯи «Аз таърихи пайдоиши Наврӯзи Аҷам» баромад намуд.
Баъдан бо иштироки курсантони бахши 1-ум, ки аъзоёни маҳфили «Ориён» мебошанд, аз рӯи нақшаи Викторина баромад намуданд.
Аз тарафи аъзоёни маҳфил «Ориён» доир ба ҷашни наврӯз саволу ҷавобҳо ташкил карда шуда, инчунин якчанд шеъру гуфторҳо бахшида ба мавзӯи викторина қироат карда шуданд, ки бахши адабии маҳфилро ташкил дод.

7576

Викторина аз тарафи доварон ҷамбаст гардида, ҷои якум ба дастаи «Ваҳдат», гуруҳи таълимии 104, ҷойи дуюм ба дастаи «Ватанпарвар», гуруҳи таълимии 102, ҷойи сеюм ба дастаи «Сомон», гуруҳи таълимии 103, дода шуд.
Дастаҳои ғолиб аз тарафи роҳбарият қадрдонӣ карда шуданд.
Абдуллозода Ф., муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...