Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармон

ВАЗОРАТИ КОРОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ф А Р М О Н
аз «01» январи соли 2006 № 1
ш. Душанбе
«Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати
бодиққати кормандони мақомотҳои корҳои
дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои
дохилӣ бо шаҳрвандон»

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, амнияти ҷомеа ва давлатро ҳаллу фасл менамояд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти он, таҳкими қонуният ва интизом дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ, хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати онҳо дар муомила бо шаҳрвандон ба шумор меравад.
Поквиҷдонӣ, маданияти баланд, иҷроиши бечунучарои талаботи қонун дар мувофиқат бо софдилона адо намудани қарзи хизматии худ, ҷасорат ва мардонагӣ дар муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорӣ, роҳ надодан ба поймолсозии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, бояд аз сифатҳои ҳатмии ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ қарор дода шавад.
Маҳз таъмини ҳамин гуна муносибат ба хизмат ва дарди дигаронро ҳамчун дарди худ эҳсос кардан, боиси сипосгузории мардум мегардад, фазои эҳтиром ва бовариро нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ ба вуҷуд оварда, обрӯи онҳоро дар байни аҳолӣ баланд мебардорад.
Танҳо бо дастгирии бевоситаи шаҳрвандон, ҳамкории ҳамаҷонибаи онҳо ба натиҷаҳои мусбӣ дар таъмини сатҳи баланди тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат, баланд бардоштани самаранокии кор оид ба пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳо ноил гаштан мумкин аст.
Ҳар як корманд намояндаи ҳокимият мебошад ва вазифадор аст, ки дар ҳар лаҳза ба шахси дар мусибат афтода дасти ёрӣ дароз кунад, дағалӣ, беодобӣ, беэътиноӣ ба талаботи қонун ва ахлоқи ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби ӯ зоҳир меёбанд, шаъни ин ҳокимиятро доғдор месозанд.
Истифода аз ҳуқуқи ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашидани гунаҳкорон, боздоштан барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, гузаронидани кофтуков ва дигар амалҳои мурофиавӣ бояд хеле моҳирона ва оқилона, бе вайрон кардани қонуният, бо зоҳир намудани таҳаммул ва маданияти баланд ба анҷом расонида шаванд.
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ ӯҳдадор аст, ки ба маданияти суханронӣ аҳамият диҳад, дар пӯшидани либоси низомӣ ҷиддӣ ва хушсару либос бошад, бо шаҳрвандон танҳо «Шумо» гуфта, муносибат намояд, нисбат ба ҳамкорон мартаботро риоя карда, ба шахси рутбааш баландтар саломи низомӣ диҳад, дар вақтҳои берун аз хизмат ва дар оила рафтори арзанда намояд.
Роҳбарон, қумондонони ҳама сатҳ, дастгоҳҳои кадрӣ бояд ҳамеша ҷиҳати баланд бардоштани маданият, ҷаҳонбинӣ ё беҳтарсозии омодагии касбии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ғамҳорӣ зоҳир намоянд. Зарур аст, ки ба далелҳои беодобона муносибат намудан бо шаҳрвандон саривақт эътино карда, гунаҳкорон ба ҷазои ҷиддӣ ҷалб карда шаванд ва ба зердастон дар мисоли равшани худ хушмуомилагӣ ва муносибати дурустро бо шаҳрвандон нишон диҳанд.
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқу озодиҳои он, ки муқаддас мебошанд, арзиши олӣ эътироф шудаанд.
Тибқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Давлат ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ ҳимояи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони худро вогузор намуда, дар баробари ин доираи васеи ваколатҳоро фароҳам овардааст. Ҳамаи ин аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баландро дар назди шаҳрвандон ва Сарвари давлат тақозо мекунад. Аз ҳамин сабаб ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ бояд моҳирона ва бенуқсон барои одамон, аз номи одамон ва ба хотири одамон фаъолият намояд,
Дар робита бо ин ва бо мақсади таъмини пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон,

Ф А Р М О Н М Е Д И Ҳ А М:

1. Ҳангоми иҷроиши вазифаҳои хизматии худ кормандони мақомотҳо, ҷузъу томҳои корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗИФАДОРАНД:

1.1. Талаботи қонунгузориеро, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчун шарти муҳимтарини баланд бардоштани обрӯю нуфузи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, бечунучаро иҷро намоянд;
1.2. Оид ба таъмини муносибати некхоҳона ва бодиққат, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон тадбирҳои бетаъхир андешанд. Ҳар як далели бемасъулиятӣ, рафтори боғаразона ва беодобона, дағалӣ ва айбҷӯӣ нисбат ба одамон ҳамчун камбудии ҷиддӣ дар кор шуморида шавад, аз рӯи онҳо тафтиши хизматӣ гузаронида шуда, чораҳои қатъии таъсиррасонии интизомӣ, то ба хориҷ намудан аз мақомоти корҳои дохилӣ андешида шаванд. Ҳар яке аз ин ҳолатҳо дар байни коллектив ва ё дар назди роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҷузъу томҳои қушунҳои дохилӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шавад;
1.3. Иҷроиши қатъии талаботи оинномаҳои низомӣ, тартиби додани саломи низомӣ, маданияти суханронӣ ҳангоми муроҷиат ба сардорон ва зердастон, риояи мартабот дар муносибат бо ҳамкасбонро таъмин намоянд;
1.4. Баррасии пурра, объективона, ҳамаҷониба ва саривақтии таклифот, арзу шикояти шаҳрвандонро таъмин намоянд. Аз рӯи ҳар як далели ошкоргардидаи расмиятчигӣ, бюрократизм, кашолкорӣ ашхоси гунаҳкорро ба ҷавобгарии қатъии интизомӣ бо ҳатман додани баҳои ҳуқуқӣ ҷалб намоянд;
1.5. Ба таври қатъӣ дар масъалаҳои таҳкими қонуният ва интизом, дар ҳайати шахсӣ тарбия намудани муносибати боэҳтиром ва бодиққат бо одамон, ба вуҷуд овардани вазъияти оштинопазирӣ бо ҳама гуна поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши созмонҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, Шӯроҳои мураббиёнро баланд бардоранд;
1.6. Фаъолиятро дар бобати банақшагирӣ ва бонизом бурдани корҳои инфиродӣ – тарбиявӣ бо зердастон тақвият дода, назорати босифати онро таъмин намоянд;
1.7. Мунтазам пурсишҳои афкори умумро дар бораи фаъолияти милитсия гузаронида, муносибати шаҳрвандонро нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ яке аз меъёрҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти онҳо шуморанд;
1.8. Дар ҷузъу томҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ, қушунҳои дохилӣ ва воситаҳои ахбори омма, намунаҳои ибратбахши муносибат бо шаҳрвандонро тарғибу ташвиқ намоянд. Ҳангоми ҷойивазкунӣ ва пешбарии корманд ба вазифа ба сатҳи муносибати ӯ бо шаҳрвандон ва ҳамкорон аҳамияти махсус дода, ин ҷанбаро дар аттестатсияҳо, пешниҳодот барои додани рутбаҳои навбатии махсус ҳатман дарҷ намоянд;
2. Фармони мазкур ба шуури ҳар як корманди мақомотҳо, ҷузъу томҳои корҳои дохилӣ ва хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври амиқ расонида шавад. Хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққат бо шаҳрвандон бояд яке аз талаботи муҳимтарине бошад, ки аз ҳар шахси дар сафи милитсия истода, талаб карда мешавад;
3. Роҳбарони мақомотҳои корҳои дохилӣ, қумондонони қисмҳо ва ҷузъу томҳои қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди иҷроиши бечунучарои талаботҳои Фармони мазкур шахсан ҷавобгар мебошанд;
4. Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №362 аз 10.10.с.1997 аз эътибор соқит дониста шавад.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...