Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НИЗОМНОМАИ кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

gerb

НИЗОМНОМАИ

кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе-2017

Бо қарори мушовараи

Вазорати маориф ва илм

аз 30. 03.соли 2017, №3/13

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ

кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • 1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  • 2.СОХТОРИ КАФЕДРА
  • 3.ВАЗИФАҲОИ КАФЕДРА
  • ҳои кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ:

1. Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

2. Кафедра сохтори асосии таълимию илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад. Корҳои таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотии кафедра бояд басамти асосии фаъолият ва фанҳои нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки таълими онҳо бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар назди кафедра муқаррар карда шудааст, мутобиқат намоянд.

3. Кафедра тибқи муқаррароти амалкунанда дар асоси қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис ё барҳам дода мешавад.

4. Кафедра дар ҳайати на камтар аз 5 нафар омӯзгорон, ки ҳадди ақал 2 нафари онҳо дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд, таъсис дода мешавад.

5. Кафедраро мудир, ки номзадии ӯ аз ҳисоби ҳайати профессорону омӯзгорон ё шахсони дорои дараҷа ва унвони илмӣ пешбарӣ ва тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷаласаи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муҳлати 5 сол интихоб карда шудааст, роҳбарӣ менамояд.

6. Мудири кафедра дар асоси Низомномаи мазкур ва шартномаи меҳнатӣ (Замимаи 1) аз ҷумлаи докторони илм ва номзадҳои илм ба вазифа интихоб карда мешавад.

7. Дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра метавонанд шахсони дорои дараҷа ва унвони илмӣ иштирок намоянд. Мудири кафедра барои як муҳлат ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб карда мешавад. Шахсони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра танҳо дар ду муҳлат иштирок карда метавонанд.

8. Интихоби мудири кафедра аз ҷумлаи шахсоне, ки дараҷа ва унвони илмӣ надоранд, қатъиян манъ аст. Ба таври истисно дар кафедраҳои соҳаи фарҳанг ва варзиш интихоби мудири кафедра аз ҷумлаи омӯзгорони собиқадоре, ки дараҷа ва унвони илмӣ надоранд, барои як муҳлат иҷозат дода мешавад.

Дар ин ҳолат ба чунин номзадҳо имтиёз дода мешавад: 1) дар соҳаи санъат – ба шахсоне, ки ба унвони ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ё собиқҷумҳуриҳои иттифоқӣ (ҳунарпешаи халқӣ, рассоми халқӣ, меъмори халқӣ, арбоби шоистаи санъат, ҳунарпешаи шоиста, рассоми шоиста) сазовор гардида, ё барандаи ҷоизаи (дипломи) на камтар аз ду намоишгоҳ, озмун ё ҷашнвораи байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаҳои муайяни санъат бошанд; 2) дар соҳаи варзиш - ба шахсоне, ки қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои параолимпӣ, қаҳрамони мусобиқаҳои ҷаҳон, Аврупо, Осиё,Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои қаҳрамонии миллӣ бошанд ё унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқҷумҳуриҳои иттифоқӣ, унвони фахрии байналмилалӣ дошта бошанд ё барандаи ҷоиза дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бошанд ё на камтар аз 1 нафар қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои параолимпӣ, мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳон, Аврупо, Осиё, Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони мусобиқаи миллӣ аз рӯйи соҳаҳои гуногуни тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро тайёр карда бошанд.

9. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ баъди интихоби мудири кафедра бо ӯ шартномаи меҳнатӣ мебандад. Натиҷаи иҷрои шартнома, инчунин фаъолияти мудири кафедра дар соли якум аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва комиссияи махсуси муқарризон (иборат аз 3 нафар), ки бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудааст, мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар Шӯрои олимон баррасӣ мегардад.

10. Интихоби мудири кафедра дар асоси озмун гузаронида мешавад.

10.1. Эълон дар бораи гузаронидани озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ як моҳ пеш дар cаҳифаҳои васоити ахбори умум интишор карда мешавад:

– дар озмун номзадҳо мутобиқи бандҳои 5-8-и Низомномаи мазкур, мувофиқ ба ихтисос ва тахассуси кафедра иштирок карда метавонанд;

– номзаде мудири кафедра интихоб мегардад, ки аз се ду ҳиcсаи овозҳои аъзои дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ширкаткардаро соҳиб шавад.

10.2. Мудири кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар мавридҳои зерин бозхонд карда мешавад:

– иҷро накардани вазифаҳое, ки Низомномаи мазкур муқаррар намудааст;

– иҷро накардани талаботи шартномаи меҳнатӣ;

– манфӣ арзёбӣ гардидани фаъолияти кафедра;

– бо сабаби вазъи саломатӣ;

– ба синни нафақа расидан;

– бо хоҳиши худ;

– муқаррароти дигаре, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ амалкунанда муайян намудааст.

10.3. Маҳдудияти синнусолӣҳангоми интихоб ва аз вазифа озод намудани мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад.

11. Фаъолияти кафедра тибқи нақшаҳои корӣ, ки иҷрои корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалиро дар бар гирифтааст, ба роҳ монда мешавад.

12. Масъалаҳои ба фаъолияти кафедра алоқаманд, рафти иҷрои нақшаҳо таҳти роҳбарии бевоситаи мудир дар ҷаласаҳои кафедра мавриди муҳокима қарор дода мешавад.

13. Дар ҷаласаҳои кафедра метавонанд профессорону омӯзгорон ва кормандоне, ки аз дигар кафедраҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё муассисаву ташкилотҳо даъват шудаанд, иштирок намоянд.

14. Дар кафедра бояд ҳуҷҷатҳое мавҷуд бошанд, ки феҳристи онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалқунандамуайян карда шуда, мундариҷа, усулҳои ташкил ва гузаронидани тамоми шаклҳои фаъолияти кафедраро инъикос намоянд.

15. Фаъолияти кафедра бояд дар самти тайёр намудани бакалаврҳо, магистрҳо, докторҳои фалсафа (PhD), докторҳо аз рӯи ихтисос ва докторҳо, ки дорои дониш ва маҳорату малакаи баланди касбии барои бомуваффақият фаъолият намудани онҳо зарур, ҳамчунин рушди қобилияти эҷодии донишҷӯ, қобилияти илмии магистр, аспирант, докторант аз рӯи ихтисос, докторант ва ташаккули мавқеи шаҳрвандии онҳо ба роҳ монда шавад.

16. Кафедра фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, қарорҳои Шӯрои олимон ва фармоишҳои ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

            17. Сохтор ва ҳайати кафедра ба ҳаҷми соатҳо ва хусусияти сарбории таълимӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста аст.

            18. Ба ҳайати кафедра профессорон, дотсентон, муаллимони калон, ассистентҳо, муҳаққиқ-коромӯзон, аспирантҳо, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон, ҳамчунин кормандони ёрирасони сохторҳои таълимию илмӣ дохил мешаванд.

            19. Ҷадвали воҳидҳои корӣ (штатӣ)-и кафедра тибқи талаботи дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқарраргардида ва бо фармоиши ректор тасдиқ карда мешавад.

            20. Уҳдадориҳои вазифавии омӯзгорон ва кормандони кафедра тибқи «Дастурамали вазифавии дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» амалкунанда муайян карда мешавад.

            21. Тартиби баргузории озмуни интихоб ба вазифаҳои омӯзгорони кафедра дар асоси «Низомномаи ишғоли вазифаҳои кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад.

            22. Кафедра метавонад лабораторияҳои таълимӣ, илмӣ, кабинетҳои методӣ, фаннӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва намояндагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ таъсис диҳад.

            23. Ба кафедра вобаста ба ҳаҷми соатҳои таълимӣ ва мавҷуд будани беш аз 15 воҳиди корӣ метавонад аз тарафи раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифаи муовини мудир ҷудо карда шавад.

            24. Дар кафедра бо мақсади баррасии масъалаҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, семинарҳо, маҳфилҳо ташкил карда мешаванд.

– ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ аз рӯи ҳамаи шаклҳои таҳсилот (рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ);

– ташкили курс ё фанҳои таълимии тахассусӣ ва интихобӣ, такмили барномаҳои фанҳои таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда;

– таҳияи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

– иҷрои корҳои методӣ (нашри китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ, маҷмуаҳои таълимию методӣ);

– коркарди маводи таълимию методӣ барои гузаронидани тамоми шаклҳои корҳои таълимӣ, ташкили корҳои мустақилонаи донишҷӯён, таъмини истифодаи самараноки низоми таълим, таҷҳизоти муосири лабораторӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

– таъмини мунтазами сатҳи сифати таҳсилот дар асоси татбиқи технологияҳои гуногун, аз ҷумла технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи гузаронидани дарсҳои лексионӣҳамчун шакли муҳими корҳои таълимӣ, фаъол гардонидани машғулиятҳои амалӣ, семинарӣ, лабораторӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ҳамчун шаклҳои мустаҳкамкунии дониш, ташаккули маҳорату малакаҳои касбии ба рушди қобилиятҳои эҷодии донишҷӯён мусоидаткунанда;

– санҷиши мунтазами дониши донишҷӯён тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳо;

– ташкил ва роҳбарӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён, таҷрибаомӯзҳо, корҳои мустақилонаи донишҷӯён (корҳои курсӣ, кори хатми бакалавр, рисолаи илмии магистр) мутобиқ ба шароитҳои истеҳсолӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ;

– қабули имтиҳонҳои фосилавӣ, ҷамъбастӣ ва баррасию таҳлили натиҷаи онҳо;

– расонидани ёрии амалӣҷиҳати бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунандагон ва ба роҳ мондани алоқа бо онҳо;

– интихоб, тайёр кардан ва аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани кадрҳои илмӣ-педагогӣ;

– ташкили коромӯзиҳои илмӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра;

– ташкил ва назорати фаъолияти аспирантҳо, докторантон аз рӯи ихтисос ва докторантон, кор бо унвонҷӯён ва коромӯзон;

– муҳокима ва тақризнависӣ ба рисолаҳои номзадию докторӣ, корҳои илмии донишҷӯён;

– ташкил ва гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотии профессорону омӯзгорон ва кормандони кафедра тибқи лоиҳаҳо ва ба имзо расонидани шартномаҳо;

– муҳокимаи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии бадастоварда ва омода намудани тавсияҳо ҷиҳати аз нашр баровардани онҳо, иштирок дар татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқотҳои гузаронидашуда;

– ташкил ва гузаронидани корҳо дар самти васеъ гардонидани робитаҳои кафедра бо муассисаҳои истеҳсолӣ, илмӣ, таълимӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба онҳоҷиҳати тайёр намудан ва бозомӯзии кадрҳо, иҷро ва экспертизаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таъсис додани филиалҳои кафедра.

  • 4.ҲУҚУҚҲОИ КАФЕДРА
  • 5.ВАЗИФАҲОИ МУДИРИ КАФЕДРА

26. Дастрас намудани маълумот оид ба ташкили раванди таълим ва масъалаҳои ба фаъолияти кафедра алоқаманд аз сохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

27. Ташкили корҳо дар самти тайёр кардан ва аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани кадрҳои илмӣ-педагогӣ.

28. Омӯзиш, пуррагардонӣ ва паҳн намудани таҷрибаи кории омӯзгорони собиқадор, расонидани ёрии амалӣ ба омӯзгорони ҷавон дар азхудкунии маҳорати педагогӣ.

29. Муҳокимаи корҳои хатми бакалаврӣ, рисолаҳои магистрӣ, номзадӣ, доктори аз рӯи ихтисос ва доктории аъзоҳои кафедра ё бо супориши раёсати муассисаи таълимӣ ба кафедра сафарбаргардида.

30. Баррасии масъалаҳои ба фаъолияти кафедра алоқаманд тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

31. Иштирок дар Шӯрои олимон ва шӯроҳои илмӣ-методии факултет, ҷаласаҳои дигар кафедраҳои муассисаи таълимӣ ва комиссияҳои аттестатсияи хатм.

32. Мудири кафедра вазифадор аст:

– дар ҷаласаҳои кории сохторҳои муассисаи таълимӣ, ки дар назди онҳо масъалаҳои ба фаъолияти кафедра алоқаманд муҳокима карда мешаванд, иштирок намояд;

– ҷаласаҳои кафедраро таъин ва баргузор намояд;

– маҳфилҳо, комиссияҳои методӣ, семинарҳои илмию методӣ, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои ба масъалаҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷтимоӣ-тарбиявии кафедра вобастаро ташкил диҳад;

– дар ҷаласаҳои Шӯрои олимони факултет ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба нақшаҳои таълимӣ, нақшаҳои кории ихтисосҳои амалкунанда ва масъалаҳои ба самтҳои фаъолияти кафедра алоқаманд, пешниҳод манзур намояд;

– нақшаҳои тақвимии кафедра, нақшаҳои инфиродии омӯзгорон, барномаҳои кории фанҳои таълимӣ ва тақризҳои кафедраро тасдиқ кунад;

– ҳисоби соатҳои кафедраро муайян намуда, сарбории таълимӣ ва дастурҳои вазифавиро дар байни ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра тақсим намояд;

– ҳангоми ҷой доштани зарурати истеҳсолӣ вазифаи муовини мудири кафедра ва роҳбари маҳфилро дар асоси ҷамъиятӣ ташкил кунад;

– сифат ва иҷрои саривақтии сарбории таълимӣ, уҳдадориҳои вазифавӣ, гузаронидани тамоми шаклҳои корҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедра назорат кунад;

– интихоб ва ба Шӯрои олимони факултет ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод намудани номзадии омӯзгорону кормандонро ба вазифаҳои холӣ амалӣ созад;

– тибқи талаботи амалкунанда ҳуҷҷатҳои омӯзгорону кормандонро барои дар кафедра ба кор қабул кардан, пешниҳод намояд;

– барои додани мукофот ё муҷозот ба ҳайати омӯзгорон ва кормандон ба садорати факултет ва раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо пешниҳод муроҷиат намояд;

– ҷиҳати самаранок ташкил ва гузаронидани корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотии ҳайати омӯзгорон ва кормандон аз роҳбарони сохторҳои дахлдори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин гардонидани кафедраро бо васоити моддию техникӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ талаб кунад;

– оид ба масъалаҳои такмили раванди таълим, ташкили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои олимони факултет ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо пешниҳод баромад кунад;

– аз ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедра риояи қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, интизоми меҳнат, иҷроиуҳдадориҳои вазифавӣ ва истифодаи самараноки захираҳои таъминкунандаи фаъолияти кафедраро талаб намояд.

  • 6.УҲДАДОРИҲОИ КАФЕДРА
  • Қарорҳо, фармонҳо ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
  • Қарорҳо, фармоишҳо, дастурҳо, санадҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Дастур ва мактубҳои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
  • Фармоишҳои ректор ва супоришҳои муовинони он.
  • Қарорҳои раёсат, Шӯрои олимон ва Шӯрои илмию методии муассисаи таълимӣ.
  • Қарорҳои садорати факултет, Шӯрои олимон ва Шӯрои методии факултет.
  • Нақшаҳои кории кафедра.
  • Суратҷаласаҳои кафедра.
  • Стандартҳои тахусусӣ.
  • Нақшаҳои таълимии аз тарафи вазорат тасдиқшуда.
  • Нақшаву барномаҳои корӣ оид ба раванди таълим.
  • Ҳисоби соатҳо, нақшаҳои инфиродии омӯзгорон ва ҷадваливоҳидҳои корӣ.
  • Барномаҳои таълимӣ ва силабусҳо.
  • Номгӯи китобҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ.
  • Номгӯи китобу дастурҳои аз тарафи устодони кафедра таҳияшуда бо шаклҳои электронии онҳо.
  • Билетҳои тасдиқшудаи имтиҳоноти давлатӣ аз фанҳои тахасусӣ.
  • Саволномаҳои фанҳои таълимии кафедра барои маркази тестӣ.
  • Ҳисоботи солонаи кафедра.
  • Дастурҳои вазифавии кормандон.
  • Ҳуҷҷатҳои татбиқи корҳои илмӣ.
  • Ҳуҷҷатҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони кафедра.
  • Ҳуҷҷатҳо оид ба шуъбаи магисртатура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос ва докторантура.
  • Номгӯи мавзӯъҳои корҳои хатми донишҷӯён.
  • Ҳуҷҷатҳои маҳфилҳои илмии донишҷӯён.
  • Ҳуҷҷатҳо оид ба таъминоти моддию техникии ҷараёни таълим.
  • Ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ.
  • Дафтари бақайдгирии иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигар.
  • Дафтари бақайдгирии истифодаи воситаҳои техникӣ дар ҷараёни таълим.
  • Ҷадвали навбатдории омӯзгорон.
  • Ҷадвали қабули корҳои мустақилонаи донишҷӯён.
  • Рӯйхат ва санадҳои ҳуҷҷатҳои бойгонишуда.
  • Дафтари воридот ва содироти мактубҳо, аризаҳо ва ғайра.

33. Ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедра уҳдадоранд, ки фаъолияти худро тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Низомномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва фармоишҳои ректор ба роҳ монанд.

34. Мудири кафедра дар ташкили фаъолияти кафедра, интихоб ва ҷойивазкунии кадрҳо, сифати банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва байналмилалӣ, интизоми меҳнат ва ҳисоботдиҳӣ уҳдадор мебошад.

35. Уҳдадориҳои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, семинар ва маҳфилҳои ба ҳайати кафедра дохилшаванда, ҳамчунин кормандони ёрирасони таълимию илмии кафедра тибқи «Дастурамали вазифавии кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» муайян карда мешавад.

7. Феҳрасти ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра

ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ

«__» __________ соли 20__                                             ш. Душанбе

Ректори _____________________________________________

(номи муассисаи таълимӣ)

дар шахсияти ______________________________________________,

(ному насаб)

ки дар асоси «Оиннома» амал менамояд, (минбаъд корфармо) ва шаҳрванд __________________________________________________

(ному насаб)

(минбаъд корманд) шартномаи мазкурро дар ин бора имзо намуданд:

1. Мавзӯи шартномаи меҳнатӣ

Корманд___________________ба муассисаи таълимӣ _____________аз рӯи вазифаи мудири кафедраи _______________________ факултети ________________________ бо музди моҳонаи меҳнати ______________ сомонӣ, бо пардохтҳои ҳавасмандсозӣ, иловагӣ аз рӯи натиҷаи кор дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши меҳнат ба кор қабул карда мешавад.

2. Ҳуқуқ ва ӯҳдадории тарафҳо

Корфармо уҳдадор аст:

            1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои меҳнатиро риоя намояд, барои корманд шароити мусоиди истеҳсолӣ фароҳам орад, дар муассиса риоя гардидани қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, санитарияи истеҳсолӣ ва ҳимоя аз сӯхторро таъмин намояд.

           2. Ҳангоми бастани шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ кормандро ба         шартномаи коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии муассиса шинос намояд.

           3. Музди меҳнати кормандро сари вақт пардохт намояд.  

           4. Ба корманд таҷҳизот ва маводи барои иҷрои кор заруриро муҳайё намояд.

            5. Кормандро оид ба пеш аз муҳлати қатъ гардонидани шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ ба тариқи хаттӣ огоҳ созад.

           6.Мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корманд ҳар сол рухсатии музднокро таъмин намояд.

Корманд ӯҳдадор аст:

            1. Дар бахши низоми меҳнат:

            - қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши меҳнат риоя намояд;

- Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти соҳаи меҳнатӣ иртиботдошта, фармонҳо ва супоришҳои корфарморо, ки ба қонунгузории ҷорӣ мухолиф нестанд, иҷро намояд;

- қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва технологияи истеҳсолиро риоя кунад;

- ба амволи корфармо эҳтиёткорона муносибат кунад;

- тибқи шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ вазифаи хешро софдилона иҷро намояд.

2. Дар бахши таълим:

            - машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ (амалӣ), лабораторӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимиро тибқи нақшаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар сатҳи баланди илмию назариявӣ ташкил намояд;

            -корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, курсӣ, лоиҳа ва корҳо (рисолаҳо)-и дипломӣ, ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои ҷориро роҳбарӣ намояд;

            -дарсҳои кушод ва иштироки омӯзгорони кафедраро ба дарсхои ҳамдигар баррасӣ ва муҳокима созад;

            -бо матни лексияҳо (силлабусҳо)-и омӯзгорони кафедра шинос гардида, онро тасдиқ намояд.

3. Дар бахши илмӣ-таҳқиқотӣ:

            -корҳои илмию таҳқиқотиро дар асоси мавзуъҳои тасдиқшуда ба роҳ монад;

            -тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ роҳбарии рисолаҳои илмии муҳаққиқонро ба танзим дарорад;

            -корҳои илмию таҳқиқотии кафедраро муҳокима намуда, барои татбиқи онҳо дар истеҳсолот чораҳои мушаххас андешад;

            -маводи анҷомёфтаро барои нашр тавсия кунад;

            - бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, собиқ аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос ва докторантони кафедра робитаи мунтазам ба роҳ монад;

            -дастовардҳои илмии омӯзгорон ва кормандони кафедраро ташвиқу тарғиб намуда, чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандонро ташкил кунад.

4. Дар бахши тарбиявӣ:

            – корҳои тарбиявиро дар байни донишҷӯён дар асоси Консепсияии миллии тарбия ба роҳ монад;

            – гузаронидани дарсҳои кураториро назорат намуда, дар ҷаласаҳои кафедра баррасӣ намояд.

Муҳлати шартномаи меҳнатӣ

Шартномаи мазкур ба муҳлати муайян аз «___» _______ соли 20___ то «___» _______ соли 20___ баста шуд.                          

Тағйир додан ва қатъ намудани шартнома

Баъди ба анҷом расидани муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ метавонад, ки он ба муҳлати нав баста шавад ва ё қатъ гардад.

Баҳсҳои ҷонибҳои шартномаи меҳнатӣ тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. Шартҳои ҳамин шартномаи меҳнатӣ танҳо дар сурати ризоияти хатии тарафҳо тағйир дода мешавад. Шартномаи меҳнатӣ дар ду нусхаи асл тартиб дода шудааст.

Корманд____________________

_____________________________

Суроға___________________________________________________                                               _________________________________________________________

Корфармо________________________________________________                                    

__________________________________________________________                                                   __________________________________________________________

                                                                                                      

                                              Барои қайдҳо:

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...