Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ф А Р М О И Ш

Logo

ш.Душанбе

22 майи 2015с.                                                       №18 б/з

«Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо мақсади ба танзим даровардани тартиби ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 26 марти соли 2009, №506, «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013, №1004, «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 8 декабри соли 2003, №48, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 августи соли 2005, №264 оид ба «Низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаҳои таълимии муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи банди 12 Низомнома «Дар бораи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти №592 тасдиқ гардидааст,

Ф А Р М О И Ш   М Е Д И Ҳ А М

1. Дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Сардорони РК ва КҲШ, Академия ва воҳидҳои дахлдори сохтории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва риояи қатъии талаботи Дастурамали мазкурро ба роҳ монанд.

3. Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 1995 таҳти №234 бо замима «Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.

4. Фармоиши мазкур ба ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад.

5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи РК ва КҲШ ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

imzo

 

Замима ба Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №18 б/з аз 22 майи соли 2015

Дастурамал

оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии курсантони

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муқаррароти умумӣ

1. Таҷрибаомӯзӣ қисми таркибии раванди таълиму тарбия буда, бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, баланд бардоштани қобилияти касбӣ, сайқал додани малака, маҳорат ва истеъдоди корбарии курсантон ва амалӣ гардонидани донишҳои назариявӣ ба роҳ монда мешавад.

2. Таҷрибаомӯзӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Вазорати корҳои дохилиро ба танзим медароанд, ташкил ва гузаронида мешавад.

3. Ба даст овардани маҳорат ва малакаи касбӣ дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ бо роҳи бевосита иштирок намудани таҷрибаомӯзон дар фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.

4. Таҷрибаомӯзии курсантон дар воҳидҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ гузаронида мешавад.

5. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ сифатҳои ахлоқию хизматии таҷрибаомӯзон омӯхта шуда, барои дар оянда мувофиқи мақсад вобаста намудани онҳо ба самтҳои муайяни фаъолияти хизматӣ хулосаи зарурӣ қабул мегардад.

6. Вобаста ба хусусияти хоси муассисаҳои таълимии ВКД намудҳои таҷрибаомӯзии курсантон ба асосӣ ва иловагӣ ҷудо мешаванд.

7. Намудҳои асосии таҷрибаомӯзӣ инҳо мебошанд: таълимӣ (шиносоӣ), истеҳсолӣ (коромӯзӣ) ва пешаздипломӣ.

8. Таҷрибаомӯзии таълимӣ (шиносоӣ) бо мақсади аз наздик шинос намудани курсантон бо фаъолияти умумии воҳидҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ вобаста ба самти омода намудани мутахассисон ба роҳ монда мешавад.

9. Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (коромӯзӣ) марҳилаи хотимавии таълим ба ҳисоб рафта, баъд аз худ намудани қисмати назариявии фанҳои таълимӣ гузаронида мешавад. Ин намуди таҷрибаомӯзӣ имконият медиҳад, ки курсантон донишҳои назариявиашонро мустаҳкам намуда, маҳорату малакаи пеш бурдани фаъолияти хизматиро дар вазифаҳои муайян мустаҳкам намоянд.

10. Таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ баҳри амиқ ва мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ, ҷамъоварӣ намудани маводи зарурӣ доир ба мавзӯи кори (лоиҳаи) дипломӣ ва озмудани қисми назариявии лоиҳа, дар амалия гузаронида мешавад.

11. Таҷрибаомӯзии иловагӣ дар шакли муваққатан ҷалб намудани таълимгирандагон баъд аз дарсҳои ҳатмии нақшавӣ барои омӯхтани вазифаҳои хизматии воҳидҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ вобаста ба самти омода намудани мутахассисон дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ амалӣ гардонида мешавад. Курсантон метавонанд дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ошкор намудани ҷиноят ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда шаванд.

12. Вақт ва намуди гузаронидани таҷрибаомӯзӣ тибқи нақшаҳои намунавӣ ва кории таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ

13. Таҷрибаомӯзӣ аз рӯи нақшаи инфиродӣ дар асоси барномаҳое, ки барои таҷрибаомӯзӣ пешбинӣ шудааст, ба амал бароварда мешавад.

14. Барномаҳои таҷрибаомӯзӣ аз ҷониби кафедраҳои тахассусӣ омода гардида, тасдиқ мегарданд.

15. Дар барнома мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, вазифаҳои таҷрибаомӯзӣ, вазъи ҳуқуқии таҷрибаомӯзон ва роҳбарони таҷрибаомӯзӣ дарҷ гардида, чорабиниҳои ташкилӣ ва тавсияҳои методӣ оид ба иҷрои онҳо, намунаи маводи ҳисоботӣ нишон дода мешавад.

16. Ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзиро Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо воҳидҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ амалӣ мегардонад.

17. Ба зиммаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зерин вогузор карда мешаванд:

- огоҳ намудани воҳидҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ доир ба муҳлат, шумораи таҷрибаомӯзон ва самти гузаронидани таҷрибаомӯзӣ;

- таъмини таҷрибаомӯзон бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷумла фармоиш, барнома ва рӯзномаи таҷрибаомӯз;

- бастани шартнома оид ба таҷрибаомӯзии курсатони Академия бо дигар мақомотҳои қудратӣ;

- дастрас намудани тавсияи методӣ барои роҳбарони таҷрибаомӯзӣ, ки аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи амалия таъин карда мешаванд.

18. Бо мақсади мунтазам назорат намудани таҷрибаомӯзӣ дар тамоми давраи гузаронидани таҷрибаомӯзӣ Фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб мерасад. Тибқи Фармони мазкур ба таҷрибаомӯзон омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ҳамчун роҳбарони таҷрибаомӯзӣ вобаста карда мешаванд, ки ба души онҳо вазифаҳои зерин вогузор карда шудаанд:

- дастурдиҳӣ ба роҳбарони бевоситаи таҷрибаомӯзӣ;

- назорати истифодабарии мақсадноки таҷрибаомӯзон дар рафти таҷрибаомӯзӣ вобаста ба самти фаъолият ва иҷрои нақшаҳои инфиродӣ;

- таҳлили натиҷаи таҷрибаомӯзӣ дар минтақаҳои хизматӣ ва пешниҳоди тавсияҳо барои боз ҳам пурсамар гардонидани он.

19. Муаллимон-роҳбарони таҷрибаомӯзӣ уҳдадоранд:

- бо нақшаи кории таҷрибаомӯзон ва маводе, ки дар истеҳсолоти онҳо мебошанд, шинос шаванд;

- дар назди роҳбарияти Академияи ВКД, воҳидҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷараёни таҷрибаомӯзӣ масъалаҳоро ба миён гузоранд;

- таҷрибаомӯзон ва роҳбарони онҳоро барои мукофотонидан пешниҳод намоянд.

20. Ухдадориҳои роҳбарони воҳидҳои таркибии мақомоти дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ аз инҳо иборат мебошад:

- муайян намудани шуъбаҳо, шуъбачаҳо, қисмҳои воҳидҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва муҳайё намудани шароити зарурӣ;

- бо фармоиш вобаста намудани таҷрибаомӯзон ба кормандони пуртаҷриба ҳамчун роҳбари таҷрибаомӯзӣ (ба ҳар як корманд на зиёда аз се таҷрибаомӯз);

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастур додани роҳбарони таҷрибаомӯзӣ; (онҳо бояд маълумоти махсуси касбӣ, на камтар аз се сол собиқаи хизматӣ ва малакаи касбию сифатҳои хуби ахлоқиву корӣ дошта бошанд);

- мунтазам назорат намудани рафти таҷрибаомӯзӣ;

- ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои таҷрибаомӯзӣ, коркарди пешниҳод оид ба мукамалгардонии он;

- аз рӯи натиҷаҳои таҷрибаомӯзӣ омода намудани Фармон барои ҳавасмандгардонии роҳбарони таҷрибаомӯзӣ, таҷрибаомӯзон ва равон намудани нусхаи Фармон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

21. Роҳбарони воҳидҳои таркибии мақомоти дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ уҳдадоранд:

- оид ба таъмини пурраи иҷрои барномаю нақшаҳои фардии таҷрибаомӯзӣ шароит муҳайё намоянд;

- реҷаи кории таҷрибаомӯзонро муайян намоянд;

- барои роҳбарии таҷрибаомӯзӣ интихоби дурусти кормандонро ба роҳ монанд;

- таҷрибаомӯзонро ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ намуда, вазифа ва уҳдадориҳои роҳбарони онҳо ва дигар кормандони мақомотро дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ оид ба ҷараёни таҷрибаомӯзӣ фаҳмонанд;

- таҷрибаомӯзонро бо вазъи оперативӣ-хизматӣ, вазифа ва уҳдадориҳои мақомот, сохтори он ва тартиботи дохилӣ шинос намуда, аз онҳо риояи пинҳонкорӣ, истифодаи усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият, инчунин қоидаҳои техникаи бехатариро талаб намоянд;

- бо таҷрибаомӯзон корҳои тарбиявӣ-инфиродӣ гузаронанд;

- ба таҷрибаомӯзон ҷойҳои истиқоматию-маишӣ, аз ҷумла шароити корӣ, ҷои истиқомати ройгон, хизмати тиббӣ ва хизмати коммуналӣ муҳайё намоянд;

- ба таҷрибаомӯзон барои бомуваффақият иҷро намудани барнома ва рӯзномаи таҷрибаомӯзӣ кӯмаки методӣ расонанд;

- ҳармоҳа натиҷаҳои таҷрибаомӯзиро бо иштироки роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ва намояндагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намоянд;

- нисбати таҷрибаомӯзон дар ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ хислатнома омода намуда, ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешинҳод намоянд.

22.Роҳбарони таҷрибаомӯзӣ чунин уҳдадориҳо доранд:

- роҳбарии мунтазам оид ба фаъолияти кории таҷрибаомӯзон;

- шинос намудани таҷрибаомӯзон бо вазъи оперативии минтақа ва хусусияҳои хоси самти фаъолият;

- ба таҷрибаомӯзон омӯхтан ва талқин намудани маҳорату малакаи пешбурди вазифаи хизматӣ;

- ҳамарӯза таҳлил ва баҳогузорӣ намудани фаъолияти таҷрибаомӯзон, назорат аз болои иҷрои барномаи таҷрибаомӯзӣ, риояи интизом ва тартиботи дохилӣ аз ҷониби онҳо;

- на кам аз се рӯз пеш аз анҷоми таҷрибаомӯзӣ омода намудани хислатномаи таҷрибаомӯз ва пешниҳоди он барои тасдиқ ба сардори мақомот;

- омода намудани ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои таҷрибаомӯзӣ бо манзур намудани таклифу пешниҳодҳо барои дар оянда беҳтар намудани рафти таҷрибаомӯзӣ;

- дар хислатнома ба таври воқеӣ дарҷ намудани паҳлӯҳои мусбат ва манфии фаъолияти таҷрибаомӯзон.

23. Таҷрибаомӯзон вазифадоранд:

- мувофиқи барнома ва рӯзномаи таҷрибаомӯзӣ нақшаи инфиродии корӣ тартиб дода, тамоми нишондодҳои онро пурра ва сари вақт иҷро намоянд;

- тибқи тартиботи дохилии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ амал намуда, реҷа, интизом ва қоидаҳои дохилии онро риоя намоянд;

- дар давраи таҷрибаомӯзӣ риояи интизоми хизматӣ, қонуният аз ҷониби курсантон ҳатмӣ буда, онҳо бояд сифатҳои ташаббускорӣ, ташкилотчигӣ ва ҳушёриву зиракии шахсиро нишон диҳанд;

- фармонҳо, дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратиро ба танзим медароранд, ба таври васеъ аз худ намоянд;

- дар ҳаёти ҷамъиятии коллектив, дарсҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳои мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намоянд;

- ба роҳбарони таҷрибаомӯзӣ мунтазам оид ба корҳои иҷрошуда ва қайд намудани фаъолияти худ дар рӯзномаи таҷрибаомӯзӣ ҳисобот диҳанд;

- баъд аз анҷоми таҷрибаомӯзӣ оид ба фаъолияти худ ҳисоботи пурра тартиб дода, бо тавсияҳои роҳбари таҷрибаомӯзӣ мувофиқа намоянд.

24. Таҷрибаомӯзон ҳуқуқ доранд:

- ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои хизматие, ки дар пешбурд мавриди истифода қарор доранд, парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, парвандаҳои бақайдгирии оперативӣ ва дигари маводи алоқаманд ба фаъолият, ки дар барнома ва нақшаи инфиродӣ муайян шудааст, шинос шаванд;

- ҳуҷҷатҳоеро, ки бо супориши роҳбари таҷрибаомӯзӣ иҷро намудаанд, аз номи худ омода намоянд;

- тибқи муқаррароти қонунгузорӣ аз воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти махсус, ки дар амалия истифода мегарданд, самаранок истифода намоянд;

- оид ба беҳтар намудани сифати ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ таклифу пешниҳодҳо манзур намоянд.

25. Истифодабарии таҷрибаомӯзон барои иҷрои вазифаҳои берун аз барномаи таҷрибаомӯзӣ манъ буда, барои гузаронидани онҳо аз як мақомот ба мақомоти дигар бе мувофиқаи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад.

26. Таъминоти моддии таҷрибаомӯзон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

27. Ба кормандони амалия барои роҳбарӣ ба таҷрибаомӯзон маоши иловагӣ дода намешавад. Вобаста аз натиҷаҳои фаъолияти пурсамарашон онҳо бо мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

28. Таҷрибаомӯзии иловагӣ берун аз машғулиятҳои нақшавӣ дар шуъбаҳои муайяни мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки вобаста ба ҷойгиршавии Академия ва факултетҳои он фаъолият менамоянд, гузаронида мешавад.

3. Ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ

29. Дар анҷоми таҷрибаомӯзӣ, таҷрибаомӯзон ҳисобот омода менамоянд. Дар ҳисобот кайдҳо оиди дар куҷо ва дар кадом вазифа таҷрибаомӯзӣ намудаанд дарҷ мегардад. Маълумоти умумӣ доир ба мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ (ҳолати вазъи оперативӣ, ташкили фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, тайёрии касбӣ ва ҳарбӣ, корҳои тарбиявӣ бо ҳайати шахсӣ ва ғайра), маълумот доир ба иҷрои нақшаи инфиродӣ, рӯйхати чорабиниҳо ва корҳои асосӣ, таҳлилҳо, хулоса ва пешниҳодҳо оид ба ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ нишон дода мешавад.

30. Барои қабули ҳимояи таҷрибаомӯзӣ комиссияи муштарак таъсис дода мешавад, ки дар ҳайати он кормандони шуъбаи таълим, факултетҳо ва кафедраҳои тахассусӣ, ки бевосита таҷрибаомӯзиро назорат мебурданд, шомил мегарданд.

31. Баҳои ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии курсант аз рӯи ҳисобот, хислатнома, хулосаи роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ва ҳимояи натиҷаи таҷрибаомӯзӣ муайян ва гузошта мешавад.

32. Таҷрибаомӯзон ҳангоми ҳимоя оид ба фаъолияти худ ҳангоми таҷрибаомӯзӣ, иҷроиши нақшаҳои инфиродӣ, асоснок намудани қабули қарорҳо ва иҷрои дигар амалҳо дар шакли ҳисобот баромад менамоянд.

33. Таҷрибаомӯзе, ки ҳангоми ҳимояи таҷрибаомӯзӣ баҳои ғайриқаноатбахш мегирад, барои супоридани аттестатсияи давлатӣ роҳ дода намешавад. Барои ҳимояи такрорӣ танҳо баъди такроран гузаштани таҷрибаомӯзӣ, соли дигар ба ӯ иҷозат дода мешавад.

34. Натиҷаи ҳимояи таҷрибаомӯзӣ дар варақаҳои таълимии курсант дарҷ карда мешавад.

35. Ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ, пешниҳод ва андешидани чораҳо барои беҳтар намудани ҷараёни таҷрибаомӯзӣ, дар ҷаласаи Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...