Гузаронидани озмуни амалии «Пурсиши шоҳид» дар Академияи ВКД
Тибқи Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017, инчунин бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., инчунин дастгирии Асотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 19-21 декабр озмуни амалии «Пурсиши шоҳид» баргузор гардид.
Дар озмун 20-нафар аз ҳисоби курсантони курси 5-уми факултети №2 ба 4 гурӯҳ ҷудо карда шуда, дар ҳар як гурӯҳ 5 нафарӣ, нақши ҳар якеашон дар ҷараёни амали тафтишии «Пурсиши шоҳид» муайян карда шуд.
Курсантон нақшҳои зеринро иҷро карданд:
- Муфаттиш;
- Ёрдамчии муфаттиш;
- Шоҳид;
- Тарҷумон ва ё равоншинос;
- Криминалист.
Рафти ҷараёни ин чорабинӣ аз ҷониби ҳакамон, яъне омӯзгорону профессорони Академияи ВКД ҶТ полковники милитсия Нозиров Н.А., подполковники милитсия Арипов А.Л. ва Имомназаров Ф. назорат ва баҳогузорӣ карда шуданд.
Тибқи натиҷаҳои ба даст омада ва баҳои додаи ҳакамон, гурӯҳи таҳти №2 ғолибиятро ба даст овард.
Дар асоси натиҷаҳои ба даст омада бо дастгирии моддии Асотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико ба 5 нафар иштирокчиёни ғолиб сертификатҳо барои ишғол намудани ҷои аввал дар озмуни номбурда ва барои 15 нафар иштирокчиёни дигар бошад сертификатҳо барои иштироки фаъолона дода шуданд.
Бобоҷонов Н.М., омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, подполковники милитсия.