Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ

05

Дар факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ» баргузор гардид.

Нахуст мизи мудавварро сардори факултети №1, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Нозиров Н.А. ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба муовини сардори Академия оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Саидзода З.А. дод. Мавсуф ҳамаи иштирокчиёни мизи мудавварро бо фарорасии ҷашни байналмилалии «Наврӯз» шодбош гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно кард.

06
Дар ҷараёни мизи мудаввар доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Усманов З.Ҷ. дар мавзӯи «Муайянсозии муаллифи матни бе имзо» (Определение автора анонимного текста) муфассал маърӯза намуд. Мавсуф дар мавзӯи номбурда хеле баромади ҷолибу пурмӯҳтаво намуда, баъди хотимаи маърӯзаи худ ба саволҳои иштирокчиёни мизи мудаввар посух дод. Дар рафти муҳокимаи маърӯзаи профессор Усмонов З.Ҷ., ҳам ҳайати профессорону омӯзгорони Академия ва ҳам шунавандагони факултети №1 фаъолона ширкат варзиданд.
Баъдан дар мавзӯи «Усул ва воситаҳои ҳимояи иттилоот» (Методы и средства защиты информации) дотсенти кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ғафуров М.Ҳ. баромад намуда, тарзу усули ҳимояи иттилоотро ба иштирокчиён бо мисолҳо шарҳу эзоҳ дод.
Дар идомаи мизи мудаввар номзади илмҳои техникӣ, дотсент, Умаров М.А. дар мавзӯи «Оид ба як масъалаи қабули қарор» (Об одной задаче принятия решения) маърӯза намуда, ба саволҳо бо посухҳои мушаххас ҷаоб гардонид.
Инчунин дар мизи мудаввар ҳайати омӯзгорону профессорони Академия ва шунавандагони факултети №1 фаъолона ширкат варзиданд.

07
Дар доираи ин чорабинӣ вазъи баъзе аз намудҳои усули таъмини амнияти иттилоотӣ ва чораҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Мизи мудавварро муовини сардори Академия оид ба илм, полковники милитсия Саидзода З.А. ҷамъбаст намуда, ба маърӯзачиён ва иштирокчиёни мизи мудаввар ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамар дар таъмини амнияти иттилоотӣ барору комёбиҳо таманно кард.
Каримов Ҳ.М., майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...