Низоъшиносӣ дар нақша ва луғот
Бойзода Ҷ.Ҷ., Расулзод Л.Х. Дастури теълимӣ-методӣ аз фанни Низоъшиносӣ барои курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Академияи ВКД. 2019. – 52 с.
Омӯзиши фанни “Низоъшиносӣ” яке аз омилҳои муассири пешгирӣ намудани низоъҳои дохилию хориҷӣ буда, ошноӣ бо ин илм метавонад донишҳои назарӣ ва амалии донишҷӯёнро қавӣ гардонад. Ҳарчанд, ки низоъшиносӣ ҳамчун фан таърихи чандон тӯлонӣ надорад, вале то замони мо зинаҳои мухталифи ташаккул ва такомулро тай кардааст.
Дастури таълимии мазкур, ки дар асоси нақшаҳо, шарҳи мафҳумҳо ва маҷмӯи тестҳо омода гардидааст, барои бедор намудани идроки донишҷӯён заминагузор мебошад. Бинобар ин, пешниҳоди мавзӯъҳои таълимӣ дар шакли нақшаву мафҳумҳо ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки онҳо дар бораи масъалаҳои муҳимтарини илми низоъшиносӣ тасаввуроти аниқ ва возеҳу равшан дошта бошанд.
Дастур барои курсантон, шунавандагон ва кормандони амалӣ барои омӯзиш ва истифодабарӣ тавсия мешавад. Ҳамзамон, ба ҳамаи онҳое, ки ба омӯзиши масъалаҳои низоъшиносӣ майлу рағбат доранд, пешниҳод мегардад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр