Фарҳанги истилоҳоти таърихӣ ва саволу ҷавоби тестӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик
Самиъзода Б.С. Фарҳанги истилоҳоти таърихӣ ва саволу ҷавоби тестӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик. – Душанбе: Академияи ВКД. 2018. – 90 с.
Дастури мазкур як навъ кӯшишест дар гирдоварии баъзан истилоҳоти таърихӣ ва саволу ҷавоби тестӣ, ки дар ҷараёни омӯзиши фанни таърихи халқи тоҷик истифода мегарданд.
Ҳадаф аз гирдоварии маводи мазкур дар чунин шакл пеш аз ҳама, дастрасии курсантону шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи таълимии фаннӣ буда, ҳамзамон, дар шакли мушаххас, содда ва возеҳ пешниҳод намудани донишҳои таърихӣ низ моҳияти дастури зикргардидаро ташкил медиҳад.