Барномаи таълимӣ аз фанни «Таърихи халқи тоҷик»
Самиъзода Б.С. Барномаи таълимӣ аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» барои курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Академияи ВКД. 2018. – 84 с.
Барномаи мазкур дар асоси стандарти таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ, бо равияи «ҳуқуқшинос» барои курсантону шунавандагони Академияи ВКД ва донишҷӯёни мактабҳои олии тамоюли ҳуқуқшиносӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.
Барнома ба талаботи системаи маълумоти олӣ мутобиқ буда, барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи гуманитарӣ ва ҳуқуқшиносӣ, бо назардошти омӯзиши таърихи халқи тоҷик бо хусусиятҳои касбӣ пешниҳод мегардад.