Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тафсири илмӣ-амалии ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ

273Тафсири илмӣ-амалии ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ / Муҳаррири масъул Ҳафиззода Ш.Ҳ. – Душанбе: Матбааи РТИТ ва ва Н-и ВКД ҶТ, 2018. – 96 с.

тафсири мазкур бо назардошти дар даврони соҳибихтиёрӣ сифатан ва миқдоран такмил ёфтани сатҳи қонунгузории миллӣ дар самти моликияти зеҳнӣ ва робита ба инкишофи муттасили муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки зарурати омӯзиши доимии онро тақозо менамояд, таҳия карда шудааст. Дар он масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ вобаста ба моликияти зеҳнӣ, асосҳои ҳуқуқии батанзимдарорӣ, табиати ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва таркиби ҷиноятҳо дар самти моликияти зеҳнӣ, мавриди таҳлил ва тафсир қарор дода шудааст. Илова бар ин, вобаста ба такмили қонунгузории соҳавӣ марбут ба моликияти зеҳнӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шудаанд.
Барои роҳнамоӣ дар фаъолияти амалии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус, кормандони оперативӣ ва тафтишотӣ, инчунин ба доираи васеи кормандони илмӣ, омӯзгорон, курсантону шунавандагони Академияи ВКД ва дигар шахсони хоҳишманд тавсия мешаванд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...