Нашри курси лексияҳо «Таҳқиқ дар мақомоти корҳои дохилӣ»
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорони факултети №2, н.и.ҳ., Арипов А.П., Бобоҷонов Н.М., н.и.ҳ., дотсент Юлдошев Р.Р. курси лексияхо аз фанни «Таҳқиқ дар мақомоти корҳои дохилӣ» дар нашриёти «ЭР-Граф» дар ҳаҷми 176 саҳифа бо сифати баланд аз чоп баромад.
Курси лексияҳо ходанбоб буда, дар асоси стандарти давлатии таълим барои мактабҳои олӣ таҳия гардидааст. Дар он мазмун, мундариҷа, муҳтаво, таҷрибаи таҳқиқ дар мақомоти корҳои дохилӣ инъикоси худро ёфтааст.
Ба курси лексияҳо сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шафизода Р.И., сардори факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Назиров Н.А., дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н.и.ҳ., Муҳитдинов А.А. тақриз навиштаанд.
Аз курси лексияҳои мазкур метавонанд курсантон, шунавандагон, донишҷӯён, аспирантон, омӯзгорон ва кормандони таҳқиқу тафтишот ба таври васеъ истифода баранд.
Таълифи дастур, курси лексияҳо, китобҳои дарсӣ дар асоси дастури Вазири корҳои дохилӣ оид ба беҳтаргардонии раванди таълим дар Академияи ВКД ба роҳ монда шуда, шахсан Вазири корҳои дохилӣ дар ин самт пешсаф мебошанд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.