Нашри дастури нави методӣ дар Академияи ВКД
Дар Академияи ВКД дар доираи амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон, иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар талиму тарбияи фарзанд», дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохихилӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон аз ҷониби омӯзгорон Асламов Б.С. ва Самихов Б.С., дастури методӣ бо номи «Пешгирии каҷрафторӣ дар байни ноболиғону ҷавонон» дар ҳаҷми 70 саҳифа нашр гардид.
Муҳаррири дастур сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 полковники милитсия Бойзода Ҷ. буда, ба дастури мазкур муовини сардори Хадамоти ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Ҷумахонзода З.Ҷ. ва профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2,номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия Ҷураев Р.З. тақриз навиштанд.
Дастур роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавононро инъикос намуда, ба кулли кормандони МКД тавсия дода мешавад.
Каримова Л.М.,Убайдуллоев Ш.Э.