Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷанбаҳои фарҳангӣ-динии муқовимат бо идеологияи террористӣ ва экстремистӣ

264Валиев С.А. Ҷанбаҳои фарҳангӣ-динии муқовимат бо идеологияи террористӣ ва экстремистӣ: дастури таълимӣ-методӣ. – Душанбе: «ЭР-Граф», 2018. – 36 с. Зери таҳрири сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд, ки «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст». Барои ин, муаллиф тасмим гирифтааст, ки барои мубориза бурдан бар зидди ҷинояткорӣ дар самти терроризм ва экстремизм дар доираи дастури мазкур, омилҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии онро ба таври пурра ба самъи хонандагон расонад.
Дастури номбурда дар бораи ҷанбаҳои фарҳангӣ-динии муқовимат бо идеологияи террористӣ ва экстремистӣ пешбинӣ шуда, барои курсантон, шунавандагон, муаллимон ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешбурди фаъолияти мазкур судманд хоҳад буд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...