Калима ва ибораҳои серистеъмоли дарсӣ
Аҳмадов С.А., Назруддинов М.З., Давлатшоева А.Ш. Калима ва ибораҳои серистеъмоли дарсӣ. – Душанбе: Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон , 2018. – 32 с.
Имрӯз айёме фаро расидааст, ки дар роҳи омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бахусус, забони англисӣ ҳар фарди соҳибмаълумот кушиш ба харҷ медиҳад. Бо ин мақсад, мутахассисони Академияи ВКД дастури мазкурро ба тарзи сода таҳия намуданд, ки курсантони ин муассисаи бонуфуз ва дигар шахсоне, ки забони англисиро меомӯзанд, аз он баҳра баранд. Дастур дар асоси барномаи таълимии забони англисӣ, сатҳи забондонии курсантон ва самти фаъолияти кормандони МКД омода гардидааст. Тавассути омӯзиши дастур хонанда метавонад дар мавзӯъҳои гуногун ибрози ақида намояд (ҳангоми дарси забони англисӣ, муошират бо ин забон ва ғ.). дар дастур тарҷума бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои дарки амиқи маънӣ кумак мерасонад.
Дастур барои омӯзиши забони англисӣ ба шунавандагон, курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод карда шудааст.