Омӯзиши истилоҳот ва ҳуҷҷатнигорӣ
Давлатшоева А.Ш. Омӯзиши истилоҳот ва ҳуҷҷатнигорӣ. - Душанбе: «ЭР-Граф», 2018. – 288 с.
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои машҳури хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ба шумор меравад. Ин забон се зинаи инкишофро аз сар гузаронида, аз ҳар марҳилаи рушди он меросе ба ҷой мондааст, ки боиси ифтихори мардуми эронитабор мебошад. Дар Академияи ВКД зимни дарси забони тоҷикӣ оид ба масоили таърихи таҳаввули забон, зинаҳои инкишофи тадриҷии он, мақоми сухан дар ҷомеа, аҳамияти забондонӣ, мушкилоти талаффуз ва имло, рушди истилоҳот маълумот дода мешавад. Дастури таълимии мазкур ба афзоиши ганҷинаи вожагони омӯзандагон ва такмили савияи ҳуҷҷатшиносиву ҳуҷҷатнигории курсантон ва шунавандагон созгор меояд.
Дастури таълимӣ ба ёрии шунавандагон, курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мешавад.