Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби тозанашри Академияи ВКД

255Ҳайдарзода Д.П. Саломи ҳарбӣ: дастури таълимӣ-методӣ. – Душанбе: Академияи ВКД, 2018. – 51 с.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дорои низоми махсуси фаъолияти ҳарбӣ мебошанд асоси интизоми хизматии онҳо, аниқ ва қатъӣ риоя намудани тартибу қоидаҳои муқарраршуда мебошад. Яке аз қоидаҳои асосӣ дар байни онҳо додани саломи ҳарбӣ мебошад, ки аз тарзи дуруст иҷро намудани он метавон интизоми кормандони мақомоти корҳоӣ дохилиро баҳо дод.
Дар дастури таълимӣ-методӣ мавзӯҳо доир ба таърихи пайдоиш ва тартиби додани саломи ҳарбӣ, омӯзиши саломи ҳарбӣ дар ҳолати пиёда ва ҳангоми ҳаракат дар мошинҳо ва дигар масъалаҳои ташкилӣ дар ин ҷода баррасӣ гардидаанд.
Дастури мазкур оид ба аз худ намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ вобаста ба саломи ҳарбӣ воситаи манфиатпазирии таълимӣ ба шумор рафта, барои омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шунавандагону курсантони муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ тавсия карда мешавад.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...