Дастури таълимӣ-методии олимони Академияи ВКД
Олимони Академияи ВКД дастури таълимӣ-методиеро зери унвони «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, банақшагирии коркарди оперативӣ ва аҳамияти он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» ба нашр расониданд, ки ба яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бахшида шудааст.
Тарзи навишти ин дастур, ки ба қалами Шарифзода Ф.Р. ва Саидзода Ш.А. тааллуқ дорад, бо истифода аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи амалӣ хеле ҷолибу оммафаҳм баён гардидааст.
Он аз 60 саҳифа иборат буда, барои кормандони оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва курсантону шунавандагон тавсия дода мешавад.