Китоби тозанашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури таълимӣ-методии «Ҳиллаи оперативӣ» (Оперативная комбинация), ки муаллифони он Шарифзода Ф.Р. – сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия ва Самиев Н.М. – сардори факултети № 6 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия мебошанд, ба забони русӣ аз чоп баромад.
Дастури таълимӣ-методии мазкур ба ҳиллаи оперативие, ки яке аз усулҳои муҳими фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад, бахшида шудааст. Усули мазкур бо назардошти риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи амалии фаъолияти оператвивӣ-ҷустуҷӯӣ таҳлил карда шудааст. Бинобар ин, дастури мазкур барои хонанда ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ манфиатбахш буда, ба кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, курсантон, шунавандагон ва адъюнктон тавсия карда мешавад.