Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби дарсии «Мурофиаи ҷиноятӣ»

0016Китоби дарсии «Мурофиаи ҷиноятӣ», ки зери назари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз чоп баромад, аз тарафи ҳайати муаллифон – Муҳамадиев М.Т., Шарифзода Ф.Р., Солиев К.Ҳ., Арипов А.Л., Имомназаров Ф.С., Қудратов Н.А., Нозиров Н.А. ва Юлдошев Р.Р. тайёр шуда, аз 368 саҳифа иборат мебошад.

Китоб бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 2/24 аз 22 феврали соли 2017 ба сифати китоби дарсӣ барои донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ тавсия карда шудааст.
Китоби дарсӣ мавзӯҳои асосии фанни таълимии «Мурофиаи ҷиноятӣ»-ро, ки мутобиқи фаслҳо ва бобҳои алоҳидаи Қисми умумии Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф шудаанд, фарогир мебошад. Китоби мазкур дар асоси талаботи барномаи таълимии фаннӣ омода шуда, дар он низоми қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон, сарчашмаҳои илмию таълимии ватаниву хориҷӣ, дастоварду ҷузъиётҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқнамоии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин, тамоми тағйироту иловаҳои дахлдори санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ васеъ истифода шудаанд.Маълумоти иловагиро оид ба тартиби қабул ва таҳсил дар адъюнктура аз сомонаи интернетии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.avkd.tj) метавонед пайдо кунед ё бевосита ба шуъбаи адъюнктураи Академия муроҷиат намоед: тел.: 93-444-40-66 (Юсуфзода Акмал Ҳотам); e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...