Таҷлили «Рӯзи Президент» дар Академияи ВКД
Бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Академияи ВКД маводи мизи мудаввар зери унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – намунаи ибрати хизмати давлатӣ» аз чоп баромад.
Маводи мазкур зери назари сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ба табъ расида, муаллифони он Имомёрбеков А. - сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Академияи ВКД, номзади илмҳои таърих, генерал-майори милитсия ва Ғафуров Д.А. – омӯзгори калони кафедраи мазкур, капитани милитсия мебошанд.
Маҷмӯа аз 68 саҳифа иборат буда, баёни назарҳои мухталифи курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҷараёни мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – намунаи ибрати хизмати давлатӣ» таълиф гардидааст.
Аслан, дар ин маҷмӯа оид ба соҳибмаърифатии Пешвои миллат, хизматҳои беғаразонаи он ба халқу Ватан, даъвати наврасону ҷавонон ба донишомӯзӣ, ки омили муҳимтарини саодатмандии инсон мебошад, сухан меравад.
Маҷмӯаи мазкур барои омӯзиши доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.
Убайдуллоев Ш., полковники милитсия.