Дастури методӣ оид ба табиати ҳуқуқӣ-ҷиноятии савдои одамон
Дастури методӣ оид ба табиати ҳуқуқӣ-ҷиноятии савдои одамон ва тактикаи гирифтани нишондод аз гумобаршудагон ва қурбониёни савдои одамон, ки муаллифони он Сафаров Ҳ.С., Ҳайдарзода З.П., Ҳайдарзода М.П., Маҳмадзода Р.М., Шарипов И.И. мебошанд, аз чоп баромад.
Муқарризони дастури мазкур сардори факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А. ва муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Амиршозода Ҷ.А. мебошанд.
Даструи методӣ масъалаҳои назариявӣ ва амалиро оид ба табиати ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологии савдои одамон, тактикаи гирифтани нишондод аз гумонбаршудагон ва қурбониёни савдои одамон дар бар мегирад.
Дар дастури мазкур масъалаҳои матраҳшуда бо пайдарҳамии хоса тавсиф ёфта, барои роҳнамоӣ дар фаъолияти амалии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан кормандони оперативӣ ва тафтишотӣ тавсия мешавад.