Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китобҳои тозанашри Академияи ВКД

0022Барномаи таълимӣ аз фанни тахассусии сиёсати зиддикоррупсионӣ барои курсантони курси 3, таҳсили 5-сола, ки муаллифи он профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2-и Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ. мебошад, аз чоп баромад. Барнома дар нашриёти «Форум-4» чоп шудааст.

Барномаи мазкур аз 80 саҳифа иборат буда, бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия равона шуда, дар асоси қонунгузории ҷиноятӣ ва зиддикорруписонӣ, амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалӣ, самтҳои инкишофи онҳо ва бо дарназардошти тағйиротҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.
Барномаи мазкур барои омӯзгорон, курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

0023Ҳамчунин дастури таълимии «Назарияи давлат ва ҳуқуқ» (Теория государства и права), ки муаллифони он Тошев А.М., Одиназода А.Ш. ва Қодиров Г.Н. мебошанд, ба забони русӣ ба табъ расидааст.
Дар дастур масъалаҳои асосии назарияи давлат ва ҳуқуқ, тавсифи мафҳумҳои ҳуқуқӣ ва дигар саволҳое, ки дар рафти дарсҳои семинарӣ баррасӣ мешаванд, дарҷ гардидаанд.
Дастур аз 204 саҳифа иборат буда, дар нашриёти “Эр-Граф” аз чоп баромадааст.
Дастури мазкур ба донишҷӯён, курсантон, аспирантон (адъюнктон) ва омӯзгорони муассисаҳои олии таълимии ҳуқуқӣ, ҳамчунин ба онҳое, ки оид ба масъалаҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ завқ доранд, тавсия дода шудааст.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...