Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Правоохранительная система Республики Таджикистан: генезис и современное состояние

536Нижник Н.С., Абдулло А.Р. Правоохранительная система Республики Таджикистан: генезис и современное состояние: монография / Н.С. Нижник, А.Р. Абдулло. – Душанбе: «Бебок», 2021. – 476 с.

Монографияи мазкур ба низоми ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, хусусиятҳои фаъолияти системаи ҳифзи ҳуқуқ дар заминаи васеъ шудани доираи омилҳое, ки ба самаранокии татбиқи функсияи ҳифзи ҳуқуқи давлат ва афзоиши нақши ҷамъмият дар идоракунии давлатӣ бахшида шудааст. Тавсифи назариявӣ-ҳуқуқии системаи ҳифзи ҳуқуқи давлати муосир дода шуда, хусусиятҳо ва унсурҳои сохтории он муайян шудаанд. Ба эволютсия ва вазъи имрӯзаи системаи ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад: шартҳои ташаккули он, хусусиятҳои ташкил ва фаъолият дар шароити давлатдории империалӣ ва ҳокимияти Шӯравӣ муайян карда мешаванд. Ҷузъҳои асосии системаи ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян карда шуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар охири асри 20 - аввали асри 21 тавсиф карда мешаванд.
Монография барои омӯзгорон, курсантон, шунавандагон, адъюнктҳо, мутахассисон ва ҳамзамон, ба ҳамаи онҳое, ки ба омӯзиши масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои назариявӣ-ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқ, ташкил ва фаъолияти системаи ҳифзи ҳуқуқ дар шароити ҷаҳонишавӣ, ташаккул ва инкишофи низоми ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон майлу рағбат доранд, пешниҳод мегардад.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...