Рамзҳои сиёсӣ: дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ (таҷрибаи таҳлили иҷтимоию сиёсӣ)
 Муҳаммад, С. Рамзҳои сиёсӣ: дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ (таҷрибаи таҳлили иҷтимоию сиёсӣ): монография. – Душанбе: ЭР-Граф, 2021, - 196 с.
Муҳаммад, С. Рамзҳои сиёсӣ: дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ (таҷрибаи таҳлили иҷтимоию сиёсӣ): монография. – Душанбе: ЭР-Граф, 2021, - 196 с.
Дар монография бори нахуст дар илми сиёсии ватанӣ рамзҳои сиёсӣ ва мақоми онҳо дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор ёфтааст. Омӯзиши мавзӯи мазкур нишон медиҳад, ки дар амал татбиқ намудани бунёди фарзия ва сохтори мафҳуми «рамзҳои сиёсӣ» ба вазифаҳои коммуникатсионии онҳо вобастагӣ дорад. Муҳиммияти асосии рамзҳои сиёсӣ ин, пеш аз ҳама, зери парчами худ ҷамъ намудани одамон мебошад, ки диққати онҳоро ба мақсади мушаххас раҳнамун месозад. Истифодаи рамзҳои сиёсӣ низ ба кордонию амалигардонии идеологҳои политехнологӣ вобастагӣ дорад, ки дар пешгириҳои ҳокимияти давлатӣ то андозае бетаъсир буда наметавонанд. Дар ин раванд рамзҳо ва аломтаҳои сиёсӣ ҳамчун василаи таъсиррасону сафарбаркунанда ҳамеша мавриди истифода қарор дода мешавад.
Монография барои мутахассисони соҳаи илмҳои сиёсӣ, унвонҷӯён, муҳаққиқон ва алоқамандони соҳаи мазкур манзур мегардад ва умед аст, ки барои таҳқиқоти бунёдии манбаъдаи заминаи боэътимоде буда метавонад.
 
       Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ
		                Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ
		             Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - РАҲИМЗОДА РАМАЗОН ҲАМРО
		                Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - РАҲИМЗОДА РАМАЗОН ҲАМРО
		             Сардори Академияи ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло
		                Сардори Академияи ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло
		             
					 
					 
					 
					 
					 
					 
					 
					 
					 
					 
					 
					 
					 
					 
					






































































































































































