Рамзҳои сиёсӣ ва мақоми онҳо дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ (таҷрибаи Тоҷикистон)
Муҳаммад, С. Рамзҳои сиёсӣ ва мақоми онҳо дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ (таҷрибаи Тоҷикистон): монография. – Душанбе: Дониш, 2021, - 114 с.
Дар монография рамзҳои сиёсӣ ва мақоми онҳо дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор ёфтааст. Муаллиф бо истифода аз манбаъҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ мавзӯи мазкурро омӯхта, мақоми рамзҳои сиёсиро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи худшиносии ҳар як халқ, миллат ва давлат қаламдод кардааст. Ҳамзамон дар монография ба таърихи сиёсии рамзҳо диққати махсус дода шуда, онҳо ҳамчун унсурҳои фарҳанги сиёсӣ таҳлилу таҳқиқ ёфтаанд. Рамзҳо шартан метавонанд ба тариқи тасвир, шаклҳои инсонӣ ё ин ки дигар шаклҳо ифода ёбанд. Бояд гуфт, ки рамзҳо дар рафтору фаъолияти ҳамешагии одамон таъсири муҳим доранд ва мақоми онҳо дар системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ калон аст. Аз ин рӯ, бо пуррагӣ маълум аст, ки дар раванди таъсиси давлатҳои миллӣ мардум бештар ба рамзҳои сиёсӣ таваҷҷуҳ пайдо намуда, онҳоро ҳамчун баёнгари арзишҳои фаъоли сиёсӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Таҳқиқот барои мутахассисони илмҳои ҷомеашиносӣ, муҳақиқон ва сиёсатшиносону кормандони соҳаи идеологӣ пешниҳод мегардад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр