Илм – фурӯғи маърифат
Илм – фурӯғи маърифат // Маҷмӯи мақолаҳои ҳайати профессорону омӯзгорони факултети № 4 Академияи ВКД ҶТ дар конференсияи байнидонишгоҳӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Хуҷанд, 29-30 апрели с.2021). – Хуҷанд: Парки технологии ДДҲБСТ. – 272 с.
Дар китоб мақолаҳои илмии омӯзгорону профессорони факултети № 4 Академияи ВКД (ш.Хуҷанд) гирд оварда шуда, ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти имрӯзаи ҷомеа, масъалан, таъсири нақши корҳои маданӣ-равшаннамоӣ дар ҷузъу томҳои МКД, зарурати такмил додани қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, амалишавии функсияҳои прокурор дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, сабабу омилҳои иҷтимоӣ ва равонии ноболиғон дар содир намудани ҷиноят ва тадбирҳои пешгирикунандаи он ва ғайра бахшида шудааст.
Барои донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ, аспирантон, омӯзгорон, кормандони илм ва амалия, ҳамчунин, барои доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.