Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон
Абдулаҳадзода, А.А., Хайруллоев, Ф.С. Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон: воситаи таълимӣ-методӣ / Дар зери таҳрири Ф.Р. Шарифзода. – Душанбе: Матбааи Вазорати маориф ва илми ҶТ, 2021. – 164 с.
Барои тарбияи ҳуқуқи ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон роҳу усулҳои гуногунро истифода бурдан ммкин аст. Яке аз чунин роҳҳо – зиёд намудани воситаҳои таълимӣ дар шаклҳои гуногун, нашр намудани онҳо, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон дар шакли саволу ҷавоб бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқҳои шаҳрвандон, аз ҷумла, мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ тавсия шудааст. Саволу ҷавобҳо дар доираи китобҳои дарсии асосҳои давлат ва ҳуқуқи синфҳои 8 ва ҳуқуқи инсони синфҳои 10-11 барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омода гардидааст.
Воситаи таълимӣ-методии мазкур барои курсантону шунавандагони факултетҳои дахлдори Академияи ВКД, довталабоне, ки хоҳиши дохил шуданро ба мактабҳои олии риштаи ҳуқуқшиносӣ доранд, мутахассисони соҳавӣ ва дигар шахсоне, ки хоҳиши аз худ намудани соҳаи мазкурро доранд, тавися мешавад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр