Дастур оид ба тайёр намудан ва ҳимояи кори курсӣ аз фанни “Фаъолияти маъмурии МКД”
Абдусатторзода, Н.А., Вализода, Н.Д. Дастур оид ба тайёр намудан ва ҳимояи кори курсӣ аз фанни “Фаъолияти маъмурии МКД”: воситаи таълимӣ. – Хуҷанд: Академияи ВКД, 2020. – 62 с.
Дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар муассисаҳои олӣ ва касбии таълимӣ дар баробари машғулиятҳои назариявӣ иҷроиши корҳои илмӣ, аз ҷумла, навиштани кори курсӣ яке аз қисмҳои таркибии ҷараёни таълим ба ҳисоб меравад. Бо назардошти он, ки Академияи ВКД мутахассисони ҳуқуқшиносро барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтори қудратӣ тайёр менамояд, муаллифон кӯшиш намудаанд, ки усули навиштани кори курсиро аз фанни “Фаъолияти маъмурии МКД ҳамчун дастури методӣ пешниҳод намоянд. Дастур ба мақсади ёрӣ расонидан ба курсантони Академияи ВКД оид ба тарз, усул, тартиби навиштан ва ҳимояи кори курсӣ тавися шудааст.