Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила”
Маруфзода,М.М., Давлатзода, Н.Д., Хонкелдиев, А. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” барои курсантони курси 2-юми ихтисоси ҳуқуқшиносӣ. – Хуҷанд: Матбааи парки технологии ДДҲБСТ, 2020. – 240 с.
Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун намуди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимяту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Бинобар ин, муаллифон кӯшиш бар он намудаанд, ки мафҳум, моҳият, мақсад ва предмети омӯзиши пешгирии зӯроварӣ дар оиларо дар асоси фикру андешаҳои муҳаққиқон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фишурда инъикос намоянд. Дар он мафҳуму моҳияти зӯроварӣ дар оила, қонунгузории байналмилалӣ ва миллии соҳаи муқовимат ба зӯроварӣ дар оила, раванди ошкоркунии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин фаъолият дарҷ карда шудааст.
Инчунин, роҷеъ ба гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, саволномаҳо барои худомӯзӣ, усулҳои таҳияи матни лексияҳо, мавод барои ҷараёни дарси семинарӣ ва саволномаҳои тестӣ, ҷамъоварӣ карда шудааст.
Барои курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД, донишҷӯёни дигар муассисаҳои таълимии ҳуқуқшиносӣ, ҳамчунин, доираи васеи хонандагон тавсия карда шудааст.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД