350 саволномаи тестӣ ва муаммоҳо аз фанни “Мантиқ”
Абдулатипов, У.Ҳ., Олимӣ, Ҳ.А. 350 саволномаи тестӣ ва муаммоҳо аз фанни “Мантиқ”. – Хуҷанд: Академияи ВКД, 2021. – 73 с.
Омӯзиши илми мантиқ ба мутахассисони ҷавони соҳаи ҳуқуқ имконият медиҳад, ки фикри онҳо хусусияти ботартибӣ, бонизомӣ ва гузаштан аз содда ба мураккаб дошта бошад. Ҳангоми омӯзиши мантиқ дарк карда мешавад, ки тамоми соҳаҳои илми муосир ба қонуниятҳо мантиқӣ такя мекардаанд. Бинобар ин, мантиқ имконият медиҳад, ки мутахассиси ҷавон дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқи дорои тафаккури равшан ва самтгирона дошта бошад.
Аз ин лиҳоз, саволномаи тестӣ тибқи талаботи Низомномаи кредитии таҳсилот тартиб дода шудааст. Бояд мутазаккир шуд, ки тестҳои тартибдодашуда пурра ба намуди тестҳои содда дохил мешавад, ки ба низоми Академияи ВКД хос аст.
Дастури мазкур барои баланд бардоштани малакаву дараҷаи азхудкунии мантиқ таҳия шуда, барои курсантони Академияи ВКД ва ба ҳамаи дилбохтагони донишҳои мантиқӣ пешбинӣ шудааст.