Дастури тозанашр дар Академияи ВКД
Дар доираи истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ходими калони илмии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, полковники милитсия Асламов Б.С. ва омӯзгори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, лейтенанти милитсия Ҳалимзода Д.О. дастури таълимӣ -методӣ бо номи «Равобити хориҷии Тоҷикистон:омил ва хусусиятҳои ташаккули он» ба нашр расид.
Дар дастури мазкур дар зери таҳрири Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ- сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия, мазмун ва моҳияти равобити хориҷии Тоҷикистон: омил ва хусусиятҳои ташаккули он (даврони Истиқлолияти давлатӣ) кушода шудааст. Дастури мазкур, барои аз худ намудани равандҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда, барои омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати сиёсии омӯзгорон, унвонҷӯён, курсантон, шунавандагон ва кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ судманд хоҳад буд.
Ба дастур Имомёрбеков А. - номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи идоракунӣ ва худидоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия; Маҳмадов С.А. - номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, такриз нависта онро Самиҳов Б.С. - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрир намуда, Раҳмадҷонзода Р.Р.- сардори факултети №1 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия муқаддимаи онро навиштааст.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр