Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД)

572Давлатшоева А.Ш. Забони тоҷикӣ: дастури таълимӣ (барои шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД). – Душанбе: “Эр-Граф”, 2020. – 160 с.

Забони модарии миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат, пойдор мондани забони модарии он аст. Пешвои миллат дар ин маврид иброз намудаанд, ки “Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад”. Маҳз ба ин хотир, мутахассисони Академияи ВКД кӯшиш намудаанд, ки дастури мазкурро омода намуда, он дар асоси Барномаи таълимии забони тоҷики (барои гурӯҳҳои тоҷикии ихтисосҳои ғайрифилологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) ва мавзӯъҳои таълимӣ, маҷмӯи матнҳои гуногун, супоришҳо ва истилоҳоти ҳуқуқиро, ки дар асоси имлои нави забони тоҷикӣ таҳия шудааст, фаро мегирад.
Дастур барои шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин шахсоне, ки мехоҳанд савияи дониши хаттӣ ва шифоҳии худро дар мавриди омӯзиши забони тоҷикӣ такмил диҳанд, метавонанд онро мавриди истифода қарор диҳанд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...