Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОМПЛЕКСИ ТАЪЛИМӢ - МЕТОДИИ НАВЭЪҶОДГАРДИДА ДАР ФАКУЛТЕТИ №4

413Дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ лейтенанти калони милитсия Маруфзода М.М., бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комплекси таълимӣ – методӣ аз фанни «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба нашр расид. 

Комплекси таълимӣ – методӣ аз маҷмӯаи модулҳои таълимӣ мавзуҳои мушаххас иборат буда, ба талаботи касбии кормандони ояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус хатмкунандагони факултети №4 мутобиқат мекунад.
Ғайр аз ин донишҳои назариявӣ, курси таълимии мазкур ба инкишофи малакаи касбӣ дахолат ба ҳаёти шахси ҷабрдида, ки ба ниёзҳои ӯ асос ёфтааст, равона карда шудааст. Дар он масъалаҳои муҳими зӯроварӣ дар оила, қонунгузории байналмиллалӣ ва миллии соҳаи муқовимат ба зӯроварӣ дар оила, раванди ошкоркунии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин фаъолият ба пуррагӣ дарҷ гардидааст.
Фаҳмиши саҳеҳ ё худ дурустрафтори дар истифодабарии меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноӣ, маъмурӣ, оилавӣ, гражданӣ ва байналхалқӣ баҳри мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила дарҷ карда шудааст. Дарки таъсири зӯроварии оилавӣ ба ҷабрдида ва инкишофи малакаҳои тахассусии касбии дахолаткуниҳое, ки аз рӯи талаби ҷабрдида асос меёбад, ба пуррагӣ фаҳмонида дода шудааст.

Аюбзода О., курсанти курси 2-юми факултети №4 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...