Криминалистика: маҷмӯи саволу ҷавоби тестӣ: васоити таълимӣ
Муҳитдинзода Н.М., Раҳмонӣ И.И. Криминалистика: маҷмӯи саволу ҷавоби тестӣ: васоити тестӣ. – Душанбе: “Сифат-Офсет”, 2020. -130 с.
Аҳамияти илми криминалистика дар он аст, ки ба иҷрои вазифаҳои асосии пешбурди мурофиаи судии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ин вазифаҳо аз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои ҷамъият, давлат ва ташкилотҳое, ки аз ҷиноят зарар дидаанд, сари вақт ва пурра ошкор намудани ҷиноят ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси ҷиноятсодикарда бо таъмини дурусти татбиқи қонун иборат мешавад.
Бинобар ин, мақсади асосии омӯзиши фанни криминалистика ин баланд бардоштани дониши курсантону шунавандагон ва дар амалияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифодаи ин донишҳо мебошад. Васоити таълимии мазкур мухтасар ба тариқи тестӣ пешниҳод гардида, барои омода намудан ва супоридани санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ кӯмак мерасонад. Васоит мутобиқи барномаи таълимии фанни “Криминалистика” тартиб дода шуда ба курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД, инчунин онҳое, ки бо омӯзиши фанни мазкур шавқу ҳавас доранд, омода гардидааст.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр