Асосҳои ҳуқуқии истифодабарии воситаҳои техникӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ: дастури таълимӣ-методӣ
Маъруфиён Б.М., Саидзода С.С., Аҳтамшозода С.А. Асосҳои ҳуқуқии истифодабарии воситаҳои техникӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ: дастури таълимӣ-методӣ / зери назари Ф.Р. Шарифзода. – Душанбе: «ЭР-Граф», 2020, - 132 с.
Яке аз самтҳои баланд бардоштани фаъолияти натиҷабахши касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирӣ ва ҷилвагирӣ аз амалҳои номатлуб – таъмин, ташкил ва ҷорӣ намудани истифодаи маҷмӯи дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва риояи талаботи он мебошад. Истифодаи техникаи махсуси муосир, асосан ба беҳтарсозии идоракунии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намуда, пеш аз ҳама баҳри ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо, ҳамчунин ошкор ва муайян намудани шахсони ҷиноятҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ равона карда мешавад. Маҳз барои аз худ намудани тарзу усулҳои самаранок истифода намудани воситаҳои махсус барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо мутахассисони Академияи ВКД дастури таълимӣ-методии мазкурро тайёр намуданд.
Дастур барои омӯзгорон, курсантон, шунавандагони Академияи ВКД, инчунин, барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр