Дастури тозанашри маҷмӯи мақолаҳои илмӣ дар факултети №4 Академияи ВКД
Дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш., маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ аз тарафи профессорону омӯзгорон дар конференсияи байнидонишгоҳӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои иҷтимоӣ-равонӣ ва ҳуқуқии каҷрафтории ҷавонон дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон ва масъалаҳои он» ба нашр расид.
Дар он сабабу шароитҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои террористию ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он аз лиҳози илмҳои ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ инъикос ёфта, барои кормандони амалӣ, профессорон, омӯзгорон, унвонҷӯён ва курсантон барои пешбурди корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ пешбинӣ гаштааст.
Хонкилдиев Азизҷон Баҳодурович, корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.