Дастури тозанашр дар Академияи ВКД
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. бо ҳамоҳангсозӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Коркарди илмӣ-методологии омӯзиши сабабҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳуқуқии каҷрафторӣ дар ҷомеаи тоҷик дар шароити гузариш ба шаклдигаркунии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ» аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон тадқиқоти илмӣ гузаронида мешавад.
Дар асоси он аз ҷониби омӯзгорон Асламов Б.С. ва Муҳаммад С.А. ва зери таҳрири муовини сардори шуъбаи адъюнктураи Академия, подполковники милитсия Ҳоҷивалиева Т.А. дастури нави таълимӣ-методӣ бо забони русӣ дар мавзӯи «Каҷрафторӣ ва баъзе масоили муқовимат бар зидди терроризму ифротгароӣ дар муҳити ҷавонон» ба нашр расид, ки дар он сабабу шароитҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои террористию ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он аз лиҳози илмҳои ҷамъиятӣ инъикос ёфта, барои кормандони амалӣ, омӯзгорон, унвонҷӯён ва курсантон барои пешбурди корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ пешбинӣ гаштааст.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД