Рамзҳои сиёсӣ дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ
Мухаммад, С.А. Рамзҳои сиёсӣ дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ (Таҷрибаи таҳлили иҷтимоию сиёсӣ): монография. Душанбе: Эр-Граф, 2020. - 196 с.
Монографияи мазкур аз ҷониби дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети № 2 номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад С.А. ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст.
Дар монография бори нахуст дар илмҳои сиёсии ватанӣ рамзҳои сиёсӣ дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ таҳқиқ гардида, аҳамияти он дар пойдории давлатдории миллӣ ва рушди он инъикоси васеъ ёфтааст.
Дар таҳқиқи монография беш аз 240 адабиёти илмӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавриди исифода қарор гирифтааст.
Монграфия ба мутахассисони соҳаи илмҳои сиёсӣ, омӯзгорон, унвонҷӯён ва муҳаққиқон пешбинӣ гардидааст.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД