Ҳуқуқи маъмурӣ дар ҷадвалҳо ва нақшаҳо: дастури таълимӣ
Шарифзода П.Р., Валиев Н.Д., Гафурзода Д.А. Административное право в таблицах и схемах: учебное пособие (Ҳуқуқи маъмурӣ дар ҷадвалҳо ва нақшаҳо: дастури таълимӣ). – Душанбе: “Садои Қалб”, 2020. – 218 с
Ҳуқуқи маъмурӣ соҳаи мустақили системаи ҳуқуқие мебошад, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ танзим менамояд. Қайд намудан бо маврид мебошад, ки ҳуқуқи маъмурӣ яке аз муҳимтарин соҳаи ҳуқуқии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, қонунгузории маъмурӣ бошад, асоси бунёд ва фаъолияти мақомоти иҷроия мебошад.
Дастури таълимии пешниҳодшуда муқаррароти асосии назарияи ҳуқуқи маъмуриро, ки дар тӯли даҳсолаҳои охир таҳия шудаанд, инчунин, муқаррароти асосии қонунгузории муосирро дар бар мегирад. Мавод дар шакли нақшаҳо тайёр карда шуда, ба курсант, шунаванда ва донишҷӯ имкон медиҳад, ки оид ба маълумоти зарурӣ ҷиҳати фанни мазкур дар шакли оддӣ фаҳмиш пайдо намояд.
Дастури таълимӣ хусусияти комплексиро доро буда, ба курсантон, донишҷӯён, аспирантон, адъюнктон, ки дар муассисаҳои таълимии ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ таълим мегиранд, тавсия карда мешавад. Инчунин, омӯзгорон дар рафти машғулиятҳои таълимӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шунавандагон дар рафти такмили ихтисос истифода бурда метавонанд.
Шӯъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр