Саволномаи тестӣ аз фанни фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ. Дастури таълимӣ
Шарифзода П.Р. – Саволномаи тестӣ аз фанни фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ. Дастури таълимӣ. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2020. 152 саҳ.
Муаллиф: Шарифзода П.Р. - муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, капитани милитсия.
Дастури таълимии мазкур тестҳоро аз фанни фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ барои курсантон ва шунавандагони муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони милитсия пешниҳод менамояд. Дастури мазкур мувофиқи барномаи таълимии фанни фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ тартиб дода шуда, бо мақсади ёрӣ расонидан ба курсантон ва шунавандагони муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони милитсия омода гардидааст.