Роҳнамо барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ
Хайруллоев Ф., Шарифзода П., Виорелия Русу. Роҳнамо барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ доир ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» // Зери таҳрири муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саидзода М., сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. – Душанбе: Хирадмандон, 2019. – 104 с.
Зӯроварӣ дар оила проблемаи натанҳо ҷомеаи тоҷик ба шумор меравад. Дар тамоми ҷаҳон дар оилаҳо навъҳои гуногуни зӯроварӣ дар оила нисбати яке аз аъзои оила (занон, кӯдакон, падару модарони пиронсол, хоҳарон, бародарон ва ғ.) содир мешаванд. Роҳнамо барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ доир ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» барои доираи васеи истифодабарандагон, пеш аз ҳама, барои нозирони мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила ва нозирони минтақавии милитсия, шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД, барои кормандони мақомоти судӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки фаъолияти онҳо ба проблемаҳои зӯроварӣ дар оила ва ҳалли он алоқаманд аст, инчунин, барои донишҷӯён, аспирантон, кормандони илмӣ ва дигар шахсоне, ки бо проблемаҳои зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он машғуланд, пешкаш карда мешавад.
Роҳнамо бо дастгрии бевоситаи Филиали GOPA мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV) аз чоп бароварда шудааст.