Ташкили кор бо кадрҳо (Воситаи таълимӣ)
Ҳайдарзода Ш.Ҳ., Муҳаммад С.А., Айдархонзода Ш.А. Ташкили кор бо кадрҳо: воситаи таълимӣ / Ш.Ҳ. Ҳайдарзода [ва диг.]. – Душанбе: Меҳроҷ-Граф, 2020, - 208 с.
Масъалаи идоракунии ташкили кор бо кадрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши таркибии сиёсати дохилии давлат буда, дар заминаи сиёсати умумидавлатӣ ташаккул меёбад ва тамоми фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо фаҳмида мешавад, ки бевосита ба масъалаҳои идоракунии захираҳои инсонӣ, аз қабили интихоб, тарбия, ҷобаҷогузорӣ, пешбарӣ ва истифодаи самараноки кадрҳо алоқамандӣ дошта, дар шароити муосир дар таъсиси механизми муносиби идоракунии ҳайати кормандон дар тамоми соҳаҳо ва бахшҳои иқтисод аҳамияти муҳим дорад.
Фанни ташкили кор бо кадрҳо дар баробари фанҳои ҳуқуқӣ нақши тарбявиро иҷро намуда, дар ташаккули ҷаҳонбинии мутахассисони оянда аҳамияти бағоят муҳим дорад.
Воситаи таълимӣ барои шунавандагон, омӯзгорон, кормандони ҳадамоти кадрӣ, адъюнктон ва доираи васеи хонандагон судманд хоҳад шуд.