Хусусиятҳои хоси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷинояткории ноболиғон: монография
Алимзода, Н.Б., Ҳусейнзода, С.Ҳ., Асрорзода, З. Хусусиятҳои хоси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷинояткории ноболиғон: монография. – Душанбе: «Графика-83», 2020. – 132 с.
Монография ба хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷинояткории ноболиғон бахшида шудааст. Дар асоси таҳлили пурраи илмӣ ва бо дарназардошти тағйиротҳое, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, аз ҷониби муаллифон нисбати масоилҳои ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгирӣ намудани он тадқиқот бурда шудааст. Инчунин, ин тадқиқот метавонад барои ҷараёни таълим ҳангоми тайёр намудани мутахассисони ҷавон, барои баланд бардоштани маҳорати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳқиқи дастурҳои таълимию методӣ истифода бурда шавад.
Монография ба курсантон, донишҷӯён, аспирантон, адъюнктон, ки дар муассисаҳои таълимии ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ таълим мегиранд, тавсия карда мешавад. Инчунин, омӯзгорон дар рафти машғулиятҳои таълимӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шунавандагон дар рафти такмили ихтисос истифода бурда метавонанд.
Шӯъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр