Бехатарии ҳаёт ва фаъолият: курси мухтасари лексияҳо
Сатторзода А.С., Саидов Ф.М. Бехатарии ҳаёт ва фаъолият: курси мухтасари лексияҳо. – Душанбе: Эр-Граф, 2019. – 128 с.
Дар курси мазкур маҷмӯи лексияҳо аз фанни «Бехатарии ҳаёт ва фаъолият» таълиф карда шудаанд. Лексияҳо дар асоси талаботи барномаи таълимии фаннӣ омода шуда, дар он низоми амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарчашамҳои илмию таълимӣ ва бехатарии муҳофизати меҳнат аз воситаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, гигиенӣ, табобатӣ ва пешгирии ходисаҳои нохуш иборат аст, ки дар асоси санадҳои меъёрӣ амал карда, бехатарии ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин мекунанд.
Курси мухтасари лексияҳо барои курсантон, шунавандагон, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ оид ба муҳайё сохтани шароити хуби корӣ ҳангоми фаъолият ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад, таҳия карда шудааст.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр