Омодагии сафороӣ: дастури таълимӣ-методӣ
Ҳайдарзода Д.П. Омодагии сафороӣ: дастури таълимӣ-методӣ. – Душанбе: Академияи ВКД, 2019. – 202 с.
Дар дастури таълимӣ-методӣ мавзӯъҳо доир ба асосҳои методикаи омодагии сафороӣ, сафҳо ва идораи онҳо, машқҳои сафӣ, ҳаракати бесилоҳ ва босилоҳ, мураттабсозии сафороии отделение, взвод, рота ҳангоми ҳаракати пиёда ва дар мошинҳо, муоинаи сафӣ ва дигар масъалаҳои ташкилӣ вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани машғулиятҳои сафороӣ баррасӣ гардидаанд.
Дастури мазкур оид ба азхуд намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ марбут ба омодагии сафороӣ воситаи манфиатпазир ба ҳисоб рафта, барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорон ва шунавандагону курсантони муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ тавсия карда мешавад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр